Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритус
22 сентябр дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии ноҳия рамзҳои асосии давлатдорӣ — Парчам ва Нишони давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.Баландии Парчам якҷо бо сутунпояаш 53 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 бар 7 метр мебошад.
Пояи Нишони давлатӣ бошад, 28 метрро ташкил менамояд.
Корҳои сохтмонӣ дар Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳия иқдоми нек арзёбӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.
Атрофи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо гулу дарахтони сояафкану ороишӣ ва фаввораҳо оро дода шуда, ҳамчунин барои истироҳати шаҳрвандон нишастгоҳҳои замонавӣ насб гардидааст. Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои назди Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ сафолакпӯш гардидааст, ки барои гаштугузори бошандагони ноҳия мусоид мебошад.
Майдони мазкур дар масоҳати умумии 0,87 гектар бунёд гардида, ба симои ноҳия ҳусну таровати тоза зам менамояд. Баъди ба истифода додани рамзҳои давлатдории миллӣ, барои истироҳату фароғати сокинони ноҳияи Шаҳритус низ имконияти хуб фароҳам гардид.
Ҳамин гуна корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Шаҳритус идома дошта, дар назар аст, ки то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз даҳҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД


