ТАРБУЗ

- Неъматҳои табиат -


1. Ҳафтае 1-2 маротиба истеъмоли тарбуз аз аксар мушкилоте, ки дар организм доред, эмин медорад.

2. Тарбуз хусусияти пешобронӣ дошта, агар онро тез – тез истеъмол кунед, қум ва санги майдаи гурдаро тоза мекунад.

3. Микро ва макроэлементҳо, витамин ва минералҳое, ки дар таркиби тарбуз мавҷуд аст, на танҳо фаъолияти дилро хуб, балки холестиринро барои такшин шудан дар рагҳо монеагӣ мекунад.

4. Охане, ки дар таркиби тарбуз аст, барои зуд барқарор кардани меъёри нишондоди гемоглабин мусоид аст.

5. Барои занҳои ҳомила истеъмоли тарбуз манфиатбахш мебошад. Зеро кислотаи фолевии он ба дурустии инкишофи кўдак дар батн кумак мекунад.

6. Инчунин ба он нафароне, ки мехоҳанд ҷавон бимонанду вазни зиёдатиашонро бартараф созанд, тарбуз беҳтарин давост.

7. Ба он нафароне, ки дар гурда санги калон доранд, аз истеъмоли тарбуз бояд худдорӣ кунанд. Зеро тарбуз бо хусусияти пешобронӣ доштанаш санги гурдаро аз ҷо бе ҷо мекунад, ки дар ин ҳолат аз дарди сахт бемор нороҳат мешавад.

8. Дар ҳолати дарунравӣ ё дарди шикам низ истеъмоли ин меваро тавсия намедиҳанд.

9. Тарбуз инчунин дар мустаҳкамсозии иммунитет мусоид буда, дар устувории нури чашм ва пешгирии бемории саратон муфид аст.


МУРАББО АЗ ТАРБУЗ


Тарбузро қисмати миёна яъне, сафедиашро ҷудо карда, шакли чоркунҷа реза мекунем. Шакарро андохта то субҳ нигоҳ медорем. Сипас, онро дар оташи паст гузошта 15 дақиқа меҷўшонем. Бояд онро тез - тез кобем, то таги он ба зарф начаспад. Пас аз ҷўш омадан муддати 24 соат мегузорем. Ин амалро се рўз давом дода, пеш аз ба банка маҳкам кардан боз 15 дақиқа меҷўшонем.

Добавить комментарий