Бойгонӣ
Апрель 2025 (10)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)

СОЗУ РОЗИ ҲАМВАТАН

                                                                             - Адибони хатлонӣ -


Эзидо, фардои тоҷикро дурахшонтар намо,

Хонаи моро биё, хуршед, равшантар намо.

Дидаи моро кушо, кашшофи роҳи ҳақ шавем,

Шуҳрати авлоди Сомонро баландахтар намо.

Ин мисраҳои равон ва баландмазмун ба қалами шоири рангинхаёл, эҷодкори асил сокини деҳаи Бўстони Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор Эргаш Хоркашев тааллуқ доранд. Ў зода ва парвардаи деҳаи кўҳистони Урсиҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мебошад. Падараш Хоркаш Машрабов (зиндаёд) солҳои 1941 – 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри ҳимояи Ватан – модар сина сипар намуда, бо ҷароҳат ба Тоҷикистон баргашта, дар ободии диёри аҷдодӣ ҳиссагузорӣ кардааст. Модараш Сангимоҳ Сафарова хонашин буд дар зиндагӣ соҳиби 5 писару ду духтар гардидааст. Аҳли оила аз соли 1965 ба деҳаи Бўстони Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор кўч баста, ҳаёти минбаъдаи худро ба мардуми бунёдкори ин ноҳияи бостонӣ пайвастаанд. Эргаш Хоркашев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ буда, солҳои зиёд дар МТМУ №26, ба номи Мирзо Абдулқодири Бедил ба сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ ифои вазифа намудааст. Ўро ҳамчун омўзгори варзида, адиби нуктасанҷ, хоҷагидор, узви фаъоли Хонаи адибони Фархор мешиносанду ба шеъраш баҳои арзанда медиҳанд. Дар шеър хоксорона тахаллуси «Банда» - ро интихоб карда, чакидаҳои хомааш дар рўзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Минбари омўзгор», «Гулистон» ва «Омўзгор» борҳо нашр гардидаанд. Маҷмўаҳои шеъраш бо номҳои «Шаби танҳоӣ», «Шеърҳо» ва «Ғазалиёт» дастраси хонандаи хушзавқу закитабъ гардидаанд.

Шеъри ман, имрўзи ман, фардои ман,

Ҳамтапиши ин дили шайдои ман.

Резанонест, ки бирезад рўи хон,

Дида онро гул кунад, дунёи ман.

Устод Эргаш Хоркашев шеърро волотарин сухан, эҳсоси ботин, дарди ҷомеа арзёбӣ медорад, ки он ба ҷону тани инсон малҳам ва ғизои маънавӣ мебахшад.

Банда асосан шоири ғазалнавис мебошад. Ба ғазал рў оварданашро аз эҳтиром ба шеър, ашъори пурғановати шоирони классик, ғазалсароёни мумтози тоҷик, бузургони миллат – Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон арзёбӣ медорад.

- Ба пояи ғазалҳои шоирони классик расидан кори саҳлу осон нест. Ин танҳо орзу мебошад, вале банда дар пайравӣ ба ғазалҳои дилошўби эшон мекўшам, ки сухани худро гуфта бошам, тавассути шеъру ғазалҳоям ба дарде даво бахшам, дилеро шод ва кошонаеро мунаввар гардонам,- мегўяд шоири ширинкалом Эргаш Хоркашев.

шоири ширинкалом Эргаш Хоркашев.

Дўстдории Ватан аз дўстдории деҳа оғоз меёбад. Шоир деҳаи азизи худ Бўстонро баробари ҷон азиз медорад. Ва парвози баланди ў ба дунёи шеър аз ҳамин деҳа сарчашма гирифтааст:

Бўстон, маро оғўши гармат чӣ хуш аст,

Бўи суману ҳавои нармат чӣ хуш аст.

Дар оғўши ту кашидаам сар ба фалак,

Нозидани бонуи башармат чӣ хуш аст.

Мардуми деҳаи Бўстон аслан деҳқони ризқрасонанд, ки аз баракати меҳнати онҳо дастархон файзи дигар гирифта, арзонию фаровонии бозорҳо таъмин мегардад. Дар ин радиф устод Эргаш Хоркашев бо ҷонибдорӣ аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 4 гектар хоҷагии деҳқонии «Аъзамҷон» - ро таъсис дод, ки ҳар сол дар натиҷаи истифодаи самараноки обу замин ҳосили хуби пахта, мева ва сабзавот ба даст меоранд.

Ҳамчунин муаллим дар ҷараёни таълим шогирдони хешро дар рўҳияи дўстдории обу хоки сарзамин, Ватан – Модар, ростиву накукорӣ, эҳтиром ба калонсолон, забону фарҳанги миллат ҳидоят намуд.Ў дар шеъри худ дар боби ростӣ, дур будан аз каҷию хусумат мефармояд:

Ростиро пеша кун, равшангари ҷонат шавад,

Аз каҷӣ андеша кун, ки сард имонат шавад.

Аз хусумат бар дили ҳар нотавон санге мазан,

Чархи каҷрав душмани омолу армонат шавад.

Имрўз шеъри устод миёни мардуми диёр, хоса, толибилмон маҳбубияти хоса пайдо кардааст.

Хонаи адибони ноҳияи Фархор як зумра адибону эҷодкорони асилро,ки аксаран соҳибкитобанд муттаҳид намудааст, ки онҳо дар тарғиби шеър, ҳунар, санъати миллӣ, дастгирии сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир доранд.

- Дар ин миён Эргаш Хоркашев ҳамчун шоир, узви фаъоли Хонаи адибони Фархор ҷой ва мақоми арзандаи худро дорост. Ў шеъри баланд иншо карда, тараннумгари Ватан – Модар, баҳор, ишқ, ҷавонӣ, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад. Мо бо ном ва шеъри ин адиби хушсалиқа, маъниофар, дўст ва рафиқи ҳалиму меҳрубон ифтихор мекунем,- таъкид дошт бо арзи эҳтиром ба ин инсони шарифу соҳибхирад роҳбари Хонаи адибон ва сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Фархор» Бурҳониддин Усмонов.

- Омўзгорӣ касбӣ пуршараф аст, зеро халқ тақдири имрўзу фардои фарзандашро ба муаллим бовар карда месупорад. Аз ин нигоҳ муаллимро зарур аст, ки рисолати худро содиқона иҷро кунад, фарзандони арзандаи давру замонро, ки фардо ояндасози миллат ба камол мерасанд, дар рўҳияи баланди ватандорӣ тарбия намоянд. Омўзгор шамъи худсўзест, ки дилу кошонаҳоро мунаввар мегардонад. Пас ба қадри заҳмату шабзиндадориҳои омўзгор бояд расид,- андеша меронад омўзгори асил, шоири шинохта Эргаш Хоркашев.

- Банда ифтихор мекунам, ки тоҷикаму тоҷикзабон. Ба забони тоҷикӣ асарҳои гаронарзиши бузургони миллатамон дар хазинаи ҷовидонаи таърихи миллат маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд. Ин забон хати пайванди башар эътироф гардида, чашмаи хушкнашавандаи шеъру ғазал аст, ки аз минбарҳои бонуфузи дунё тавассути Пешвои муаззами миллат, ҳомӣ ва пуштибони забони тоҷикӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо садо додааст. Ба қадри забон расидан, онро азизу гиромӣ доштан баробар аст ба қадри модар ва миллат расидан,- афзуд бо як ҷаҳон эҳтиром ба лафзи ширину гуҳарбори модарӣ устод Эргаш Хоркашев. Ў аз қалб садо баланд мекунад:

Тоҷикам, бо лафзи зебои дарӣ гўям сухан,

Бо забони шакарини модарӣ гўям сухан.

Кирдугорам дода лафзи поку алфози дарӣ,

Бо матонат, бо сифат, бо боварӣ гўям сухан.

                                           Шералӣ САИД, ноҳияи Фархор

Добавить комментарий