ДАСТАГУЛИ МИННАТДОРӢ

                                                -Ворисони Сино-


Шом фаро расида, дар табобатхона хомўшӣ ҳукумрон буд. Духтур Сарвар Алиева дар паси миз ба гузоштани қайдҳо дар ҳуҷҷатҳои беморон машғул буд. Ин вақт мошини ёрии таъҷилӣ омада, дар назди ҳуҷраи қабули беморон қарор гирифт. Баъди чанд дақиқа дари ҳуҷраи корӣ боз гардид.

- Салом Сарвар-апа, ҳоло ҳам ба хона нарафтед?

- Ҳозир корамро тамом кунам, меравам, - гўён Сарвар лаҳзае аз навиштан боз истода, сар боло кард ва дар наздаш сартабиби беморхона Қаҳҳорзода Тағойбек Қаҳҳорро дида аз ҷой бархост.

Сардухтур ба навиштаҷоти ҳуҷҷатҳо назар кард. Дар аксари варақаҳо ном ва насаби беморон ва поёнтар ибораи «Шифо ёфт» навишта шуда буд.

Сарвар медонист, ки дар ин шомгоҳ ягон бемори вазнинро овардаанд, аз ин ҷост, ки сартабиб ба назди ў омадааст.

Хонаи қабули беморон. Дар рўйи кат зани ҷавоне. Сарвар ўро мешинохт. Ҷавонзан Гулнор ном дошт. Вай бошандаи маҳаллаи Сарибора аст. Бемор аз таб месўхт, аз шиддати дарди сар менолид. Барои паст шудани таб ба ў сўзандору гузарониданд. Гулнор лаҳзае чашм кушода дар наздаш духтури касалхона Сарвар Алиеваро дида, дар лабонаш табассум пайдо шуд. Гулнор Сарварро нағз мешиносад. Ўро ҳамин зимистон ҳангоме, ки тамоми деҳоти Пули Сангини шаҳри Норакро курпаи ғафси барф пўшонда буд ва роҳи рафтуо ба деҳаҳо мушкил гардид, дар ин гўшаи зебоманзари диёр дидааст. Дар айёми ҷамъоварии анор Сарвар ба анорзори мавзеи Дўстӣ омада буд. Занону духтарон дар атрофи духтури дўстдоштаашон ҷамъ шуда, дар мавзўъҳои гуногун суҳбат оростанд. Мавзўи гуфтугузори асосии онҳо бештар дар хусуси муҳофизати саломатии модарону духтарон, ғамхориҳои рўзафзуни ҳукумат дар ҳаққи одамон буд.

Модари Гулнор, ки ҳамроҳи духтараш ба беморхона тифли навзоди ўро оварда буд, табассуми Гулнорро дида, хурсанд шуд. Ин вақт кўдаки навзод ба гиря даромад. Гулнор гиряи кўдакашро шунида, бо тамоми қувват ҳаракат намуд, ки аз ҷой бархезад, лекин натавонист. Дастони лоғаргаштаи модари ҷавон ба сўи писарчааш моил мешуданд, аммо аз бемадорӣ ўро ба даст гирифта наметавонист. Дар чашмони Гулнор ашк ҳалқа зад. Ў охир, чӣ модарест, ки бо умеду орзу тифлакашро ба дунё овардаасту, вале имрўз ба навзод шири худро дода наметавонад. Ҳамаи ин гаронии дарди модари ҷавонро дучанд мекард. Гулнор зўр зада чашмонашро кушод ва ба сўи духтур назари илтиҷоомез андохт.

То дами саҳар чароғи ҳуҷрае, ки Гулнор дар он мехобид, хомўш нагардид. Сарвар ҳамроҳи хоҳарони шафқат ба тани бемор дору мегузаронд. Натиҷа набахшид. Он гоҳ хун гузарониданд. Ҳама шаб ба тифл нигоҳубин намуданд. Ҳангоме ки шафақи саҳар дар қуллаҳои Сурхпўшу Нор пайдо шуда, аз тавлиди боз як рўзи нав муждагонӣ медод, Гулнор чашм кушод.

Дар сапедадами саҳар Сарвар берун баромад. Насими форам ба машом мерасид…

- Ба одамон ҳамон вақт саломатӣ ва шодмонӣ оварда метавонед, ки иродаи мустаҳкам дошта бошед - мегўяд дастпарвари Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Сарвар Алиева.

Хушбахтона, ў аз имтиҳонӣ ҳаёт сарбаландона гузашта, дар давоми кори бисёрсолааш ба садҳо нафар дардмандон шифо бахшидааст. Ҳар доим ўро дар роҳҳои пасту баланди деҳаҳои дурдасти Норак, гоҳ дар назди боғпарварону сабзавоткорон ва гоҳе дар ҳалқаи чорводорон мебинед.

Оре, шифохонаи шаҳри Норак дар ҷойи аз ҳама баландтарини мавзеи зебописанди Деҳи Сабур воқест.

Баъди ду ҳафта Гулнорро аз касалхона ҷавоб доданд. Шомгоҳ Сарвар дар ҳуҷраи кории худ машғули кор буд. Дар варақаи бемории Гулнор низ ҳамон ибораи маъмул «Шифо ёфт» навишта шуд. Ин вақт шавҳари Гулнор, ки барои ба маҳалла бурдани занаш ва писараш омада буд, вориди ҳуҷра гардид.

- Ана ин дастагул бо нишони меҳру вафо ва арзи сипос барои шумо, апа, – шармгинона ў гулҳоро ба духтур дароз кард.

Сарвар дастагулро гирифт. Аз он бўи мушкбези кўҳистон меомад…

Меҳнати ибратбахши машваратчии табибони вилоят, табиби ғамхору мушфиқ, масъулиятшинос, духтури дараҷаи олӣ Сарвар Алиева бо ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Ин қадршиносӣ самараи ранҷу заҳмат, бедорхобӣ ва такопўи зиёди табиби дилсўз дар ҷодаи хизматрасонӣ ба инсон аст.

                                 Ҳусейн МИРЗОЕВ, шаҳри Норак.

Добавить комментарий