ҲАСТИЯШ ҲИММАТБАЛАНДИСТ

                                      -18 август – Рўзи кормандони тиб -


Чу дарёҳо ҷаҳонгардист мушкил,

Ба ғамбемор ҳамдардист мушкил.

Сару кори ҷаҳонро саҳл машмор,

Ҳама марданд, вале мардист мушкил.

Давраи аввали авҷгирии коронавирус барои табибон давраи имтиҳон аз садоқат ба касбу кор ва қасами ёднамудаашон буд. Дар шароите, ки мардум сари калоба гум карда, чандин нафарон дар ҷаҳон аз тарсу ҳарос ва таҳлукаи ин вируси нав фавтиданд, садҳо нафар духтурон бидуни ягон андеша барои табобати беморон талош намуданд. Дар ин рўзҳо табибони собиқадор низ ба синну соли хеш нигоҳ накарда, дар канори беморони ин вируси ҳамагир буданду ҳастанд.

Ширин Назирмадова низ аз зумраи он фидоиёнест, ки ба синну солаш нигоҳ накарда, паҳлуи ҳамкасбонаш истода, ба табобати беморон машғул буд.

Ин бонуи ҳунар ҳамин сол нияти зиёрати Хонаи Худо дошт ва навбати сафари ҳаҷ ҳам омада буд, ки вазъият чунин шуд. Апаи Ширин дар давраи бисёр вазнинии хуруҷи бемории коронавирус як миқдор маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро ба ҳамкасбон дар беморхонаи марказии ноҳия ва беморон харҷ кард. У ба мо хоксорӣ карда, дар хусуси хайри кардааш ҳарф задан нахост. Вале тавре қисса кард, баъди ин кумакҳои хайриявӣ ба беморхонаи марказии ноҳия ва беморон бисёр ворид шуданд.

-Ин ҳам як ҳикмати Худованд аст, ки шояд сухани мо ба дигарон каме восита гашт. Аз Худованд умедвор ҳастам бо муътадил гаштани вазъ дар саросари ҷаҳон ва эмин шудан аз ин балои сироятӣ Хонаи Худо кушода мешаваду ин навбат бандаро зиёрати Каъбатуллоҳ насиб мегардад,- мегўяд Ширин Назирмадова.

У муовини сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Фархор буда, муддати 38 сол аст, ки ҳамчун табиб кору фаъолият мекунад. Номбурда дар деҳаи Арчаи Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Мактаби №8-и деҳаашонро бо баҳои хубу аъло хонда, соли 1976 онро хатм карда, худи ҳамон сол ба факултаи момодоягии ДДТТ ҳуҷҷат супорид. Баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ донишҷўи ин муассисаи бонуфузи даврони собиқ Шўравӣ гардид. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро соли 1982 бо ихтисоси акушер-гинеколог (момодоя) хатм карда, ба ноҳияи Фархор ба кор фиристода шуд.

Соли аввали ба кор омаданаш вай дар шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия кор карду баъдан ўро ба таваллудхонаи собиқ колхози 40-солагии Коммунизм фиристоданд. Муддати 4 сол дар он ҷо кор карда, баъдан ба маслиҳатхонаи занонаи шаҳраки Фархор ба кор омад. Аз соли 2000 – ум то соли 2016 дар вазифаи директори Маркази солимии репродуктивӣ фаъолият намуд. Аз соли 2016 инҷониб муовини соҳавии сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Фархор оид ба муолиҷа шуда кор мекунад.

Апаи Ширин соли 1986 оила бунёд кард. Шавҳараш Сайвалӣ Ғаюров айни замон директори гимназия барои хонандагони болаёқати ноҳияи Фархор мебошад. Онҳо соҳиби 6 фарзанд - ду духтар ва чор писар ва чанд набераанд. Аз фарзандон ду нафар пайроҳаи модарро интихоб намуданд. Яке аз духтаронаш Нилуфар Ғаюрова Донишгоҳи давлатии тиббииТоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро хатм карда, ихтисоси ҷарроҳро соҳиб шудааст. Яке аз писаронаш алҳол дар курси сеюми Донишгоҳи тиббии Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия таҳсил карда истодааст. Ҳамаи фарзандон соҳиби маълумоти олӣ буда, дар риштаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар фаъолият доранд. 

- Одинаева Садафмо Ҳабибовнаро ман дар пешаи худ устод медонам, он кас беҳтарин инсон ва беҳтарин мутахассис буданд. Ҳамчунин Ахмедова Латофат Ахмедовна ва Талбак Саидов, ки нозукиҳои пешаи табибиро ба банда омўзонданд ба ман ҳаққи устодӣ доранд, - мегўяд Ширин Назирмадова.

Ин бонуи ҳунар шогирдони зиёде тарбия намудааст. Фирўза Давлатова ва Сурайё Файзуллоева аз  он ифтихор доранд, ки шогирдони апаи Ширин мебошанд.

Талоши чунин табибони хушбину некназар аст, ки беморон шифо ёфта, ба зиндагӣ дилгарм мегарданд. Мо низ умедворем, ки ин вируси ҳамагир аз сари мардуми олам, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон дур мешаваду зиёрати хонаи Худо насиби Ширин Назирмадова мегардад.

                                                    Билоли ШАМС, ноҳияи Фархор

Добавить комментарий