МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР ДАР БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

                                                                                   -Саноат-


Фаъолсозии корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ ба соҳибкорон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи босамари стратегияи давлатӣ дар ин самт муҳим шуморида мешавад. Ин аст, ки бо истифода аз шароиту имконот ва имтиёзҳои муҳайёгардида соҳибкорони ватанӣ ба кишвар навтарин технологияро ворид намуда, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба роҳ мондаанд.

Дар доираи тадбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, ки саноатикунонии мамлакат мебошад, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ёфта, садҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойҳои кории доимӣ гардидаанд. Фазои озоди сармоягузорӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони рушд ва шароиту имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, истеҳсоли маҳсулоти худиро ба роҳ монанд. ҶДММ “Моҳир семент” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҳам аз ҷумлаи корхонаҳои навбунёд мебошад, ки бо навтарин технологияи соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори баланди истеҳсолӣ дорад. Дар корхонаи мазкур 20 нафар мутахассисони чинӣ ва 100 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият намуда, бо маоши хуб таъмин мебошанд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: “Коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, хусусан дар бахши афзалиятноки иқтисод, саноат бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолии дорои техналогияҳои муосир дар ин раванд мавқеи муҳимро ишғол менамояд”. 

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо соҳибкорони вилояти Хатлон бо истифода аз њамаи манбаъњои маблағгузорӣ ба фаъолсозии корхонаҳои саноатӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ талош намуда, ба муваффақиятҳо низ ноил гардидаанд.

ҶДММ “Моҳир семент” яке аз бузургтарин корхонаи саноатии вилоят ба шумор рафта, маҳсулоти истеҳсолнамудаи он дар бозори дохилӣ ва байналмилалӣ рақобатпазир аст. Тибқи иттилои муҳандиси корхона Умедҷон Мирзоев иқтидори шабонарӯзии ин корхона беш аз 2000 тонна сементро ташкил дода, маҳсулоти он асосан ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Афғонистон содирот карда мешавад.

Корхона дорои шароити муносиби корию истеҳсолӣ ва боркашонии ашёи хому маҳсулоти тайёр мебошад. Ба гуфтаи мутахассисон 98 дарсади ашёе, ки маҳсулотро мукаммал месозанд аз сарватҳои табии худӣ дастрас шуда, ин ҷо коркард мегардад. Технологияи истеҳсолии корхона пурра замонавӣ буда, аз ҷониби мутахассисон идора карда мешавад. Кор шабонарӯзӣ роҳандозӣ гардида, се бастро ташкил медиҳад. Фаъолияти пурсамар дар ин коргоҳ аст, ки ҳар моҳ беш аз 60 ҳазор тонна сементи тамғаи 400 ва 500 истеҳсол карда шуда, ба воситаи роҳи оҳан, ки аз дохили корхона мегузарад, ба минтақаҳои гуногуни кишвар ва берун аз он содирот карда мешавад.

Ба гуфтаи роҳбарияти корхона бо вусъат ёфтани раванди корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот ба ҳамаи намуди маҳсулоти сохтмонӣ, махсусан семент, афзоиш ёфтааст. Барои ҳамин ҳам онҳо талош намуда истодаанд, ки боз ҳам ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёд намуда, ба ин васила дар амали гадидани ҳадафи стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръат саҳмгузор бошанд.

                                                                   Амонулло БАХТИЁРЗОДА

Добавить комментарий