Бойгонӣ
Июль 2025 (6)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

Машварати августии омўзгорони вилоят, ки чанде пеш дар толори театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар баргузор гардид, доираи васеи омўзгорону хонандагони фаъолро дар бар гирифт. Дар он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қурбон Ҳакимзода зимни баромади хеш оид ба бурду бохт, камбудию норасоиҳои соҳа, фаъолияти омўзгорон суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар раванди дигаргунии ҳадафҳои стратегии мамлакат Пешвои муаззами миллат дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маориф сатҳу сифати таълимро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзўр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ташвиқ намоянд.

Муҳаммаддовуд Саломиён низ ҳамаи омўзгорону хонандагонро аз номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли нави таҳсил муборакбод намуда, барояшон муваффақиятҳоро орзу намуд.

Қурбон Ҳакимзода ҷоизаҳои раиси вилоятро ба 10 нафар кормандони фаъолу пурмаҳсули соҳаи маориф ва илм, ба 10 нафар хатмкунандагони фаъоле, ки бо медали тилло муассисаҳои таҳсилоти миёнаро хатм намуданд ба маблағи 10 000 сомонӣ ва ба 70 нафар гирандагони стипендияи раиси вилоят ба маблағи 2400 сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.

                                            Махфират ШОИМОВА  

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД