Бойгонӣ

ИСТЕЪДОДИ ЯК ҶАВОНИ ДЕҲОТӢ

                                                                 =Ҳунар беҳ аз симу зар=


Ин сокини 33-солаи ноҳияи Кӯшониён ба ихтироъ ва сохтани техникаҳои хоҷагии қишлоқ рағбати беандоза дорад...

Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки “Ба як мард 40 ҳунар кам аст”. Хусрав Сафаров аз зумраи он ҷавононест, ки ҳунарҳои зиёдро доро мебошад. Кафшергарӣ, харротӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ ва зиёда аз ин, ихтироъкорӣ аз љумлаи он ҳунар ва малакаҳоест, ки Хусрав аз иҷрои ҳамаи онҳо ба хубӣ мебарояд.

Чун аз хурдӣ дар тарбияи бобояш усто Дилшод Сафаров ба воя расидааст, ба қавле аз ӯ дасти пир гирифтааст.

– Вақте кӯдак будам, бобоям ҳамроҳи худ маро ба хонаҳои ҳамдеҳагон барои кумак ба кор мебурд, – қисса мекунад Хусрав. – Дар вақти сохтусози хонаҳо бо шавқ кору амалҳои бобоямро тамошо мекардам. Ана, дар ҳамон лаҳзаҳо меҳри устогӣ дар дилам маъво гирифт. Дар хонаи худамон аз лой ҳар гуна хоначаҳо месохтам. Чӯбчаҳоро кандакорӣ карда, болои онҳоро мепӯшонидам. Бо симу оҳанпораҳо гирди хоначаҳоро панҷара мегирифтам. Бо хаёлоти рангини кӯдакии хеш хоначаҳои сохташударо орову торо медодам. Бо ҳамин васила истеъдоди худамро мукаммал мекардам. Бобоям чун корҳои сомондодаи маро медид, ба ман дуои хайр медод. Ҳар вақте ба ман дуо медод, ашк аз чашмонаш шорида, аз торҳои риши мошубиринҷаш гузашта, ба замин мечакид. Ин њам сабаб дошт. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ падари маро аз даст дода буд. Ёди фарзанди ҷигарбандаш дилашро реш - реш мекард.

Солҳо паси ҳам мегузаштанду бобоям ман ва бародарам Маликшоро нозукиҳои касбҳои гуногунро меомӯзонид. Ҳамеша таъкид мекард, ки бо меҳнати ҳалол рӯзатонро гузаронед. Ҳамин тариқ, оҳиста - оҳиста бо маслиҳату роҳнамоии бобоям касбҳои гуногунро омӯхтам.

Хусрав дар Россия ҳам ҳеҷ гоҳ бекор намондааст. Аз корҳои мутахассиси техникаи санитарї (сантехник) то пӯшонидани дилхоҳ навъи бомҳоро ба хубӣ уҳда мекард. Ва табиист, ки маблағи хубе ҳам ба даст меовард.

– Дар Ватан ҳам ягон рӯз бекор нестам, – мегӯяд Хусрав. – Аз таҳкурсӣ сар карда, то хиштчинию пӯшонидани хона ва часпонидани дару тирезаю андовакунию рангу бор, дар маҷмӯъ аз иҷрои ҳамаи корҳои сохтмонӣ мебароям.

Дар лаҳзаҳои фориғ аз кор ӯ тарҳи ягон ихтирои навро меофарад.

– Чанд вақт буд, ки дар сарам нақшаи трактори худсохт чарх мезад. Як мошини куҳнаи “Жигули”-ро бо маблағи арзон харида, онро ба қисмҳо ҷудо кардам. Қисмҳои даркориашро гирифта, ана ҳамин трактори хурдро сохтам. Трактори сохтаи ман муҳаррики хурд дошта, хеле камхарҷ аст. Айни ҳол барои ин трактор плуги шудгоркунанда сохта истодаам, то ин ки заминҳои худ ва ҳамсояҳоро шудгор карда тавонам. Ҳамчунин, дар фикри сохтани ядак (аробаи боркаш) ҳастам. Мехоҳам бо он алафу ғӯзапоя кашонам. Боз барои трактори сохтаам дастгоҳи алафдаравию гандумдаравӣ сохтаниям.

Хулоса, мехоҳам, ки ин техникаи сохтаам як техникаи универсалие бошад, ки аз уҳдаи корҳои гуногун барояд.

Ин ҷавони пурҳунар ба дигар ҳамсолонаш ҳам тавсия медиҳад, ки вақти худро беҳуда сарф накарда, касбу ҳунар омӯзанд. Зеро “Ҳунар беҳ аз симу зар” гуфтаанд.

                                                        Сулаймон СУЛТОНОВ, ноҳияи Кўшониён

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019