26 сен 10:38АСОСӢ / Фарҳанг

БАР ФАЛАКҲО МЕРАВАД САВТИ ФАЛАК

Дутораш зери нохун ғамгинтар аз борон нола дошт. Муҳаммадалӣ фалак месуруд: аз ғарибӣ, ҷудоӣ, бевафоии фалаки каҷрафтор, ҷабри чархи бепарво, нобасомониҳои дунё, тақдири пасти пурғавғою ноҷуриҳои қисмат. Ҳофиз бо садои марғуладор, овози гуворои ширину ширадор мехонад. Бо лаҳни каломи муъҷизаофари мардумие, ки аз шунидани он кас ба олами рангини хаёлат фурӯ рафта, тасхир мегашт.


Фарёд зи дасти  фалаки бебунёд,

Ҳаргиз гиреҳи бастаи касро накушод.

Гуфтам, ки бурам гиреҳро бикшоям,

Сад доғи дигар дар сари ин доғ ниҳод.


Шунаванда ба умқи ин рубоӣ ворид гардида, аз рӯи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии ғамангези он маънои сарнавишти умрро дарк мекунад. Дарк месозад, ки фалаки каҷрафтор дар ин дунёи дун ба касе рӯи хуш додаю раҳм намекунад. Хусусан, дар аҳди пешин мардум аз тақдири пурғавғо дарё мегирист. Бо ашки хунин танҳою бесадо мегирист. Сурудҳои «Майдаё»-ю «Мандоғ» таскинбахши дили ноосудаи заҳматкашон буд. Дар ин маврид ягон шоире барояшон матн наменавишт. Худ ҳам шоир буданду ҳам оҳангсозу сароянда, зеро розу ниёз ва эҳсоси қалбашонро дигаре мисли  онҳо самимона бозгӯ намекард.

Яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони имрӯза ин рушду нумӯъ ва пешбурди фарҳанги миллӣ мебошад, ки дар ин замина санъати анъанавии ниёгон дар мафҳуми фалак  бозтоб мегардад. Жанри мусиқии фалак чи тавре ишора намудем, ҷузъи қавии фалаки тоҷикон буда, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар эҳёи наву тоза ёфтааст. Бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар мамлакат 10 - уми октябр дар қатори дигар идҳои фарҳангӣ ҷашн гирифтани Рӯзи фалак далели ғамхорӣ ба санъати миллист. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқию сарояндагии суннатӣ, нигоҳдошти арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии мардуми тоҷик мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон  барҳақ қайд кардаанд, ки фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангию хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии шашмақому фалак ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.


Фарёд зи дасти  фалаки бебокам,

Овора бикард гардиши афлокам….


    Дар толор садои овозхони шинохта Муҳаммадалии Аюбӣ аз нав танинандоз мегардад ва нишастагонро ба ваҷд меорад. Мухлисон пеши пояш гулрезию гулбезӣ мекунанд. 

Мегӯянд, ки ҳар касеро баҳри коре зодаанд. Муҳаммадалиро низ Худованд гӯё маҳз барои санъати овозхонӣ офарида бошад. Вай ҳанӯз аз овони таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 54-и ноҳияи Кӯшониён ба ин ҳунар дилбастагии худро эҳсос намуд. Дар ҷамъомадҳои мактабӣ сурудхонӣ намуда, омӯзгорону ҳамсинфонашро дар ҳайрат мегузошт.

- Соли 1963 дар синфи якум таҳсил мекардам, - ба ёд меорад овони мактабхониашро Муҳаммадалӣ Аюбӣ. Бахшида ба Соли нави мелодӣ чорабиние баргузор гардид. Зери навозиши муаллими фанни мусиқӣ Нурмуҳаммад Бозорӣ сурудеро замзама намудам, ки ба ҳозирин хуш омада, маро ба ин ҷода ҳавасманду дилгарм сохт.

Меҳру муҳаббати овозхонӣ баъди хатми мактаби миёна соли 1973 Муҳаммадалиро ба даргоҳи Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода овард. Ҳамон вақтҳо хушбахтона дар ин ҷо устодони  забардасти ҳунари шашмақом ва фалаксароӣ Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова ва дигарон ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Нозукиҳои ҳунари овозхониро аз онҳо омӯхта, соли 1977 бахши мусиқӣ ва суруди донишкадаро бомуваффақият хатм намуд. Аз соли 1979 то ин ҷониб дар театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар кору фаъолияти пурсамар дорад. Дар тарғиби жанри  фалаксароӣ чун овозхони мумтоз ном баровардаю маҳбуби мухлисон гардидааст. Ин сарояндаи хушовоз бо номи «Асрори фалак», «Модар- фалак», «Рози фалак», «Чархи фалак» ва ғайра бо гардишҳои гуногуни дилнишин  беш аз даҳ суруди фалакӣ эҷод кардааст, ки басе фораманд.

Дар ҷодаи санъати овозхонӣ Муҳаммадалӣ Аюбӣ ҳамчун устод ба қуллаҳои баланди эҷодӣ расидаю дар ин бобат шогирдони зиёдеро тарбия  намудааст. Мавсуф сазовори унвонҳои баланди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ буда, бо медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боз як қатор мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ гардидааст, ки ин далели ҳунарманди писандида будани Махмадалӣ Аюбӣ мебошад.


С. ПАРВИЗ
Добавить комментарий