ТОҶИКИСТОН – ВАТАНАМ
Ифтихори ватандорӣ
Метапад дил, мезанад дил, эй азизон зиндаам!
Тоҷикам, аз дудаи он тоҷдорон, зиндаам!
Гар лаби ноне надорам, мушти хокат нони ман,
Ман ба як каф хоки покат, Тоҷикистон зиндаам!
Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем?
Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд?
Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад?
Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқҳои соҳибтамаддун ба мо гузаштааст?
Саволҳо ҳар фарди ҷўяндаву бедордилро ба гузаштаҳои дури таърихи халқи тоҷик ҳидоят менамояд.
Рўҳу равони фарзанди фарзонаи халқ, академик Бобоҷон Ғафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ў «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хидмати арзанда намуд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳо буда, бо маданият, фарҳанг, анъана, забони ширадору равон, бо арзишҳои дигари маънавии худ дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардаанд.
Олими шинохтаи тоҷик Маҳмадулло Лутфуллоев дуруст қайд мекунанд, ки «… имрўз таърих ин имкониятро ба мо додааст. Пас биёед, эй ҳамватанон ва эй тоҷикони ҷаҳон, аз тоҷик будани худ биболем, аз сохти давлату давлатдории ниёгон ва имрўзаи худ, аз рамзҳои давлатӣ, забону ададбиёти худ, фарҳанг, маданият, илму маорифи худ, хулоса ба кулли он муқаддасоте бифахрем, ки намояндагони парчамдорони миллатамон офаридаанд ва бикўшем ба ин ифтихор ифтихори дигаре биафзоем, то наслҳои минбаъда моро ба некӣ ёд кунанд».
Мо саҳифаҳои дурахшони Аҷами беназиру Хуросони Кабирро варақ мезанему садҳо бор шукр мекунем, ки тоҷикему Тоҷикистон дорем. Тоҷикистон мисли дили сокинонаш васеъ ва чеҳраи офтобии он мисли дастархони тоҷикон барои ҳамагон боз аст. Халқи меҳнатқаринаш, кўҳҳои осмонбўсаш, дашту водиҳои ҳосилхезаш, чашмаҳою дарёҳои хурўшонаш, талу теппаҳояш - ҳама дар маҷмўъ Тоҷикистонро бузург, санъату адабиёташ, забону ҳунараш, мактабу маорифаш, илму ирфонаш онро машҳур кардаанд.
Биёед, боре бошад ҳам, аз худ бипурсем: Аҷнабиён ба ин сарзамин барои чӣ лашкар кашидаанд? Искандари Мақдунӣ дар ин диёр чӣ мекофт? Арабҳо, ки бақавли бузургвор Фирдавсӣ шири шутур мехўрданду сусмор дар ин сарзамин чӣ гум карда буданд? Муғулҳо дар ин қаламрав чӣ мекофтанд?
Ҳар қадар таърихи ҳақиқиро омўзему ба ин саволҳо ҷавоб ёбем, ҳамон қадар меҳру муҳаббатамон ба Тоҷикистони азиз меафзояд.
Соли 1992 фарзанди дурандеш, оҳанинирода ва боҳиммати халқамон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шўрои Олӣ, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида буд, бори сангини сарварии давлати соҳибистиқлоли тоҷикро ба уҳда гирифт. Эмомалӣ Раҳмон дар шароит ва вазъияти басо мушкили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рўи кор омад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри тамомияти арзӣ, пойдорӣ ва шукуфоии кишвари азиз, сулҳи устувор ва ваҳдати комили миллӣ талош намуд. Тоҷикистони биҳиштосоямонро дар кутоҳтарин вақт ба нодиртарин давлат табдил дод, ки рашки ҷаҳониён омад. Ва маҳз ў, фарзанди содиқи миллати тоҷик, тавонист, ки баъди 1100 сол тоҷикони ҷаҳонро ба ватани бобогиашон даъват карда биёрад. Ва ба ҷаҳониён талқин кард, ки Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост. Онҳо метавонанд ба Тоҷикистони азиз озодона рафтуо кунанд ва аз тамошои Ватан ҳаловат баранд.
Таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳама маълум аст. Нақши давлати Сомониён, ки поягузори он Исмоили Сомонӣ аст ва маҳз аз шарофати давлатдории Сомониён илму маърифати тоҷикон ба авҷи аъло расидааст. Забони форсӣ-дарӣ /тоҷикӣ/ ба тахти салтанат ҷо гирифт. Шеъри оламгири форсӣ арзи вуҷуд кард. Дар осмони тамаддуни ҷаҳонӣ ситораҳои дурахшоне ба монанди Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абўрайҳони Берунӣ, Абўалӣ ибни Сино, ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва дигарон тулўъ карданд, ки инсоният ҳанўз ҳам аз нури маърифати онҳо баҳра мебардоранд. Чуноне, ки шоир Халифабобо Ҷумъазода мегўянд:
Махзани осори тоҷик,
Давлате аз безаволист.
Зиннати ашъори тоҷик,
Дафтаре аз шеъри олист.
Тоҷикам ман- ориёӣ,
Бошад ин ном ифтихорам.
Бо китобе чун «Авасто»,
Дар ҷаҳон овозадорам…
Суруди миллӣ таронаи давлатӣ ва умумихалқӣ мебошад, ки дар он тамоми орзую омоли сокинони кишвари мо ифода ёфтааст. Он ҳамеша фораму дилнишин садо дода, дилҳоро тасхир менамояд. Донистани суруди миллӣ на танҳо вазифаи мактаббачагон, балки ҳар як шаҳрванди ватанамон, сарфи назар аз миллаташ аст. Донистани суруди миллӣ ҳисси ватанпарварии моро меафзояду хештаншинос менамояд.
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем!
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!…
Оре, мо бояд бо нангу номус бошем, аз тоҷик буданамон бифахрему ҳамеша барои ободии Тоҷикистони азиз, ватани беҳамтоямон ҳиссагузорӣ кунем. Барои ин озодӣ мо бояд мубориза барем ва ин озодии худододро бояд қадр кунем. Дар суруди миллӣ омадааст: «Ту модарӣ, ягонаӣ»… Барои ҳар як инсон модар якто аст. Ватан ҳам ягона аст. Дунё азиз, лекин барои ман модар яктост, Тоҷикистон яктост, гуфта буд шоири шинохтаи тоҷик, шодравон Лоиқ Шералӣ. Барои ҳамаи тоҷикон ва тоҷикистониён Тоҷикистон Ватан аст. Фарзанд дар куҷое, ки набошад, бояд модар ва Ватани хешро фаромўш накунад, доимо бо номи он зиндагонӣ ва фаъолият намояд. Забони модариро ҳаргиз фаромўш насозад. Бахти инсон - ин озодии ватанаш аст.
Бале, мо аз он хурсандем, ки сарнавишт ба мо чунин Президентро дод. Мо бо Президенти ваҳдатофару раиятпарвари худ ифтихор мекунем.
Ҳамватанони азиз, дар Тоҷикистон зистану шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол будан ифтихор аст. Модоме, ки ба мову шумо чунин шараф муяссар гардидааст, биёед шаҳрванди ҳақиқию арзанда бошем. Ва барои ободонии кишвари азизамон ҳиссагузорӣ кунем. Дар атрофи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, аз як гиребон сар бароварда шеъри шоирро истифода бурда бигўем:
Биёед эй азизон ҷамъ бошем,
Ба роҳи якдигар чун шамъ бошем.
Ватан обод гардад чун ба роҳаш,
Вафодору ба ору нанг бошем.
Зайнаб АНВАРОВА, мутахассиси робита
бо ВАО –и Маркази матбуоти Вазорати
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон