Бойгонӣ

OИЛАИ ТAБИБOН

- Хоҳарҷон, тифлатонро эҳтиёт кунед! Ба дунё омадани фарзанд хушбахтӣ, тарбияву нигоҳубини ӯ муҳимтарин рисолати инсонҳо дар зиндагист. Барои номи пуршарафи модарро насиб гардидан ба ҳама мушкилу заҳматҳои ҳаётӣ бояд тоб овард,- гӯён Зифнунбӣ модари ҷавонеро насиҳат мекард.


Давоми чанд лаҳзае, ки мо шоҳиди гуфтугӯи ӯ бо беморон будем, табиби ҳозиқ барои раҳнамоии модарон ба ҳаёти солиму ояндаи неки фарзандонашон маслиҳату машварати судманд медод. Мақсади моро пай бурда, бо табассуми малеҳ хоҳиш намуд, ки баъди қабули эҳтиёҷмандон метавонад ба суолҳои мо ҷавоб гӯяд. Ҳамин тавр, вақти ваъданамудааш фаро расиду Зифнунбӣ ба қисса оғоз кард.

- Соли 1961 дар оилаи деҳқони деҳаи Шоҳбикаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадам. Баъди хатми МТМУ № 21 –и деҳа дар филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб таҳсил намуда, аз соли 1981 ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ ба фаъолият пардохтам.

Баъди се соли фаъолият дар ин ҷода ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино дохил шуда, соли 1990 онро бомуваффақият хатм мекунад. Ба ҳайси нахустин духтари хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар шуъбаи таваллуди беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба кор оғоз кард. Интернатураро дар ин муассиса ба анҷом расонида, ҳамчун ихтисосманди духтури момодоя фаъолияти худро дар дармонгоҳи №1-и шаҳри Кӯлоб идома дод.

- Соли 2008 маро ба ҳайси директори Маркази танзими оила, ки баъдтар ба Маркази солимии репродуктивӣ табдили ном кард, таъйин намуданд, ки то соли 2016 ин вазифаро бар зимма доштам. Баъдан, то моҳи июни соли 2019 сартабиби таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб шуда кор кардам.

Аз суҳбат бо табиби собиқадор маълумамон шуд, ки писараш Сорбону келинаш Шаҳноза низ ҳампешаи ӯ буда, ба ҳайси табиб дар муассисаҳои гуногуни тиббии шаҳри Кӯлоб фаъолият доранд. Духтари ӯ Моҳбону САИДОВА бошад, хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, писари хурдиаш дар литсейи шаҳри Кӯлоб таҳсил дорад.

Солҳои фаъолияти касбиро дар таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб беҳтарин давраи такмили касбу ихтисоси интихобнамудааш мешуморад. Зеро ҳамагуна беморонро дар ҳолати вазнин аз тамоми ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба ин беморхона меоранд, ки дорои табибони соҳибтаҷрибаву шароити беҳтари табобатӣ дорад. Зифнунбӣ ЁРМАДОВА аз ҳамкорӣ бо табибони собиқадори соҳаи момодоягӣ Малика ФАЙЗОВА ва Муборак БОИРОВА таҷрибаи хуб бардошта, донишу малакаи касбии худро такмил бахшид.

Ҳамакнун бо донишу таҷрибаи пешқадам ба халқу Ватани худ хизмат намуда истодааст. Камхунӣ, фишорбаландӣ, дарди гурда, ҷоғар ва чанд намуд бемориҳои дигарро аз мавзӯъҳои ҳалталаби соҳа мешуморад. Ба гуфтаи вай вазифаи асосии марказҳои солимии репродуктивӣ ин сари вақт ба қайд гирифтани занҳои ҳомила ва пеш бурдани корҳои профилактикӣ дар миёни онҳо аст. Дар муқоиса ба 6-7 соли қаблӣ имрӯз сатҳи огоҳии занону модарони ҷавон беҳтар шуда истодааст. Бинобар ин, табибону масъулони тибби самти модару кӯдакро мебояд, ки дар баробари дармонбахшии беморон, инчунин бо маслиҳату роҳнамоии судмандашон модарони ҷавонро ба ҳаёти солим ҷалб намоянд.

С.ХАЛИЛИЁН,

шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019