Бойгонӣ

ОДИНА ҲОШИМ – НОБИҒАИ НОТАКРОР


                                                               =Дурдонаҳои Хатлон=


Дар рушди фарҳанги тоҷик, махсусан дар бахши санъати овозхонӣ ҳунармандони зиёде хизматҳои арзандаю босазое карданд, ки яке аз онҳо овозхони маҳбубу нотакрор Одина Ҳошим мебошад. Ин ҳунарманди асилу боистеъдод дар ҳунари сарояндагии тоҷик сабки хос ва мактаби овозхонии худро дошт.

Меҳри суруду мусиқӣ ҳанӯз дар хурдсолиаш дар қалби кӯчаки ӯ маъво гирифта буд.

Падараш Ҳошими Қосим, ки чун ҳофизи халқӣ дар байни мардум буд, Одинаи хурдсолро ба тӯю хурсандиҳо ва шабнишиниҳо ҳамроҳаш мебурд. Ҳамин тавр, ишқи ҳунари падар дар дили ӯ маъво гирифт ва аз паи омӯхтани пешаи ин касб гардид.

Дар синфи 8-уми мактаби миёна мехонду ҳамчун узви фаъоли дастаи ҳаваскорон ба саҳна баромада, аз ашъори шоирон Лоҳутию Турсунзода ва Мирсаид Миршакар сурудҳои пурмазмунро бо лаҳни ширину ширадор сароид. Ана ҳамин тавр овози хушу истеъдоди дар оянда нотакрораш аз доираи хона берун баромада, ӯро маҳбубу машҳур намуд.

Шавқу рағбати беандоза ба санъати сарояндагӣ ӯро баъди хатми мактаби миёна ба омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе овард. Аз устодони машҳур сирру асрор ва нозукиҳои санъатро омӯхт.

Одинаи ҷавон баъди хатми бомуваффақияти омӯзишгоҳи мусиқӣ ба театри халқии ноҳияи Москва имрўза ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба кор омад.


Маҳорату ҳунари волояшро ба назар гирифта, ӯро коргардон, роҳбари бадеӣ ва баъдтар директори театр таъйин намуданд. Ӯ ҳамчун коргардон якчанд – песаю асарҳоро ба саҳна гузоштааст, ки аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифтанд. Баъдтар вай ҳамчун сарояндаи хушадо бо маҳорати баланду нотакрор ва овози фораму дилнавозаш дили ҳазорон дӯстдорону ихлосмандони санъатро шефтаю шайдо намудааст.

Дар тӯли якчанд сол ӯ тавонист, ки бо ҳунари воло, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва роҳбарии оқилонааш худро ҳамчун овозхони хушсалиқа ва театри халқии ноҳияро дар тамоми ҷумҳурӣ машҳур гардонад.

Барои тарғибу ташвиқи фарҳанг ва дарёфти истеъдодҳои баланд ҳар сол дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе азназаргузаронии дастаҳои ҳаваскорони санъат ва театрҳои халқӣ (баъдан фестивал – конкурси «Бӯстон» ном гирифт) баргузор мегардид. Дар он ҳунармандони театрҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, ғолибон ба даври ниҳоӣ роҳ меёфтанд.

Соли 1960 дар чунин азназаргузаронӣ ҳунармандони театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ ғолиб омада, соҳиби ҷои якум шуданд. Барои ин комёбӣ коргардони театр Одина Ҳошимов сазовори Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва падараш Ҳошим Қосимов ба гирифтани унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.

Соли 1963 ҳунармандони театрро боз чунин комёбии бузург бори дуюм насиб гардид. Яъне онҳо бо нишон додани маҳорати баланд – суруду таронаҳои пурмазмуну дилнишин, рақсҳои зебо ва намоишномаҳои шавқовару хотирмон дар байни ҳамаи санъаткорони ҷумҳурӣ соҳиби ҷойи аввал гардиданд.

Вақте ки овозхони ҷавону умедбахш бо овози ширину марғуладор ва дилангезаш ба саҳна баромада сурудеро иҷро мекард, тамошобинон ӯро бо кафкӯбиҳои бардавом пазироӣ менамуданд ва хоҳиш мекарданд, ки боз суруди наверо барояшон пешкаш намояд. Барандаи консерт ноилоҷ овозхони хушадоро боз рӯи саҳна мехонд. Ҳамин тавр сурудҳо пайи ҳам пайваст мешуданд:

Шабҳо, ки ба ноз бо ту хуфтам, ҳама рафт,

Дуррҳо, ки ба нӯги мижа суфтам, ҳама рафт.

Ороми дилу муниси ҷонам будӣ,

Рафтию ҳар он чӣ бо ту гуфтам, ҳама рафт.

Барои ин комёбиҳои навбатӣ овозхони хушсалиқа сазовори унвони Ҳофизи халқии Тоҷиикистон гардид.

Ҳамин тавр Одина Ҳошим ҳамчун ҳунарманди маҳбубу нотакрор дар тамоми манотиқи кишвар ном баровард. Барои мухлисону тамошобинон ва шунавандагони азизаш пайваста гулдастаҳои хушбую ботароват, яъне сурудҳои тозаэҷод пешкаш менамуд. Ӯ роҳу шеваи махсуси худро ёфт ва мактаби худро низ бунёд кард.

Бо истеъдоди баланд, овози дилнишину ширадор ва оҳангҳои марғубаш дар Вахшу Зарафшон, Дарвозу Бадахшон, Рашту Кӯлоб ва Хуҷанду Ҳисор маҳбубият пайдо намуд. Мурғи илҳомаш дар фазои беканори санъати тоҷик болу пар зад ва сурудҳояш писанди мардум гардиданд.

Устод Одина Ҳошим дар сурудани фалак истеъдоди худодод дошт. Баъзан суруду рубоиётҳо ва шеърҳои халқиро бо оҳанги фалакӣ бо маҳорати хеле баланд иҷро мекард.

Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром дар хотираҳояш менависад, ки ҳофизи хушовозу хунёгари беҳамто устод Одина Ҳошим боре меҳмони сокинони ноҳияи Айнӣ буд. Ва арз кард, ки оё фалғариҳои (номи аввалаи ноҳияи Айнӣ Фалғар буд) бо Шашмақом тарбиятёфта сурудҳои моро қабул мекарда бошанд? Ман хомӯширо пазируфтам, то ҳофиз наво пардохту хурду калони фалғарӣ ба рақс даромаданд. Ӯ масти ин арғӯшт байтҳои Сайидоро месуруд:

Сарвро шамшоди қадаш маҳв чун тасвир кард,

Обро мавҷи хиромаш пой дар занҷир кард.

Эй дами субҳи қиёмат, ин ҳама таъхир чист?

Поси хотирдории суҳбат моро дилгир кард.

Дар ин миёна ҷавоне луқма партофт: - Акаи Один, Фалғаристонро Маҷнунистон кардӣ!

Оре, ӯ дар тамоми қаламрави кишвар дилбохтагон ва мухлисонашро дошт.

Устод Одина Ҳошим истеъдоди баланди шеърфаҳмӣ дошт. Сурудҳои пастмазмун ва аз ҳиссиёт холиро ҳаргиз намехонд. Зеро қиблагоҳаш Ҳошим Қосим ӯро ҳамеша таъкид мекард, ки сурудҳои баландмазмун ва оҳангҳои дилошӯбро интихоб намо, то ки ба дили мухлисонат роҳ ёбанд.

Устод Одина Ҳошимро санъатшиносону коршиносон ва рӯзноманигорону ихлосмандонаш бо арзи эҳтирому қадрдонӣ ҳофизи мумтоз, нотакрор, беназир, ромишгари чирадаст, булбули санъати тоҷик ном мебурданд. Вале академик Муҳаммадҷон Осимӣ ӯро «ҳофизи мутафаккир» унвон карда буд. Ин ибора воқеан арзанда буд. Зеро ӯ ҳофизи одӣ набуд.Чун хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абўабдуллоњи Рӯдакӣ аз ашъори бузургони адабиёти классики тоҷик – Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандию Ҳилолӣ, Сайидову Бедил, Мавлавӣ Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртию Соиби Табрезӣ ва аз эҷодиёти шоирони муосир – Турсунзода, Лоҳутӣ, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Лоиқу Гулрухсор, Гулназар, Ашур Сафару Ҳақназар, Бозор Собир ва дигарон садҳо шеъру ғазал аз ёд медонист. Ба қавле ӯ уқёнуси шеър буд. Худаш ошиқи шеъри хуб, маънии баланд буд. Доимо дар омӯзиш буд.

Хеле хуб дар хотир дорам. Тирамоҳи соли 1988 буд. Бегоҳии рӯз дар толори кохи Шоҳини ноҳияи Восеъ баромади ҳунармандони театри мусиқӣ – драмавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Мо як гурўҳ ҳамкорону рафиқон ба хотири шунидани сурудҳои пурмазмуну ҷаззоби устод Одина Ҳошим ба тамошои ин барномаи консертӣ рафтем. Пас аз баромади якчанд нафар санъаткорони ҷавон навбат ба устод расид. Ӯ аз ашъори шоирони классику муосир ҳар як сурудаш дилро ба ваҷд, хунро ба хурӯш меовард. Ғазал мехонду баъди анҷоми он панду насиҳат мегуфт. Ғазалро хеле мухтасар таҳлил мекарду гоҳҳо ашк мерехт. То поси шаб устод ғазалсароӣ мекарду касе толорро тарк кардан намехост. Дар поёни барномаи консертӣ мо устодро бо гулдастаҳои тару тоза табрик кардему соядасти муборакашро ба дафтари хотираамон гирифтем. Аз базмҳои орифонааш як ҷаҳон лаззату баҳра гирифтем.

Устод Одина Ҳошим ҳамчун ҳунарманди асил ва овозхони машҳур солҳои зиёде дар театри халқии ноҳияи Москва (ҳозира Ҳамадонӣ), театри мусиқӣ – драмавии ба номи Сайдалї Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва солҳои охири ҳаёташ дар театри академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе сарбаландона фаъолият намудааст. Дар ин муддат ӯ дар дарёфту тарбия намудани истеъдодҳои ҷавон ҳиссаи босазои худро гузоштааст.

Ҳунармандони ҷавону боистеъдод Файзалӣ Ҳасанов, Мирзоватан Миров, Ҷиён Муродов, писараш Раҳматулло аз мактаби бузург ва тарбияи маънавиии устод гузашта, баъдтар ба мартабаи устодӣ расиданд. Аз ҷумла, овозхон, оҳангсоз ва коргардони маъруф Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров то вопасин лаҳзаи зиндагӣ ҳамчун шогирди содиқу бовафо бо устод Одина Ҳошим буд.

Худи устод инсони ниҳоят хоксор ва заминӣ, марди хушгуфтору хушрафтор ва дар олами хеш якто буд. Аксарияти ёру дӯстонаш одамони одию заҳматкаш буданд. Бисёр тӯю маъракаҳои хурсандии мардумро бо маблағи кам ва ҳатто ройгон мегузаронид. Барои ҳамин дар байни халқ маҳбубияти зиёд дошт.

Устод Одина Ҳошим бо истеъдоди баланд ва ҳунари волояш шуҳрати оламшумул пайдо кард. Зеро ӯ тарғибгари шеъри баландпояю ҳазорсолаи мардуми ориёӣ буду дар ҳамаи кишварҳои форсизабонон дӯстдорону ҳаводорони худро дошт. Ӯ борҳо ба кишварҳои дуру наздики дунё – Ироқ, Миср, Фаронса, Эрон, Афғонистон, Қувайт, Покистон ва Яману Туркия сафарҳои ҳунарӣ намуда, шеъри ноби тоҷикиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Ҳар як сафари ҳунарӣ, ки ба хориҷи кишвар мерафт, обрӯю эътибораш меафзуд. Хизматҳои Одина Ҳошим дар тарғиби шеъри форсӣ низ бузург аст.

Феврали соли 1992 устод Одина Ҳошим бо дастаи ҳунарии худ, ҳамроҳи нависанда Нур Табаров ва дастаи ҳунарии «Фалак» бо роҳбарии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ба Эрон рафтанд. Онҳо дар даҳаи мусиқии фаҷр иштирок намуданд. Ҳунармандон аз дигар кишварҳои ҷаҳон – Ҳиндустон, Озарбойҷон, Покистону Афғонистон низ дар ин озмун ширкат доштанд. Одина Ҳошим дар толор чунон ҳунарнамоӣ карданд, ки тамошобинон аз сеҳри ҳунари волои ӯ моту маҳбут гардиданд.

Боре худи устод Одина Ҳошим дар яке аз баромадҳои телевизиониаш гуфта буд, ки як шаб пеш аз озмун Мирзоватан Миров ба ғазали шоири шаҳир Нодири Нодирпур «Куҳан диёро» оҳанги хеле пурмазмуну ҷаззоб эҷод кард ва ман онро манзури тамошобинон гардонидам:

Куҳан диёро, диёри ёро, ба азми рафтан, дил аз ту кандам,

Вале ҷуз ин ҷо Ватан гузидан наметавонам, наметавонам.

Устод Нур Табаров дар сафарномааш – «Ҳикояти соҳибдилон» овардааст: «Аз ҳунарнамоиҳои устод Одина Ҳошим дили аҳли толор ба шӯр омада, инқилоб мекард. Устод Муҳаммадризои Шаҷариён- овозхони машњури эронї худро бо шитоб, ба саҳна зада устод Одина Ҳошимро сахт ба оғӯш гирифт ва аз рухсораҳои гарми ӯ мебӯсид. Аз сари ду бузургмард, ду ситораи дурахшони осмони мусиқӣ, ки ҳамдигарро сахт ба оғӯш гирифта буданд, борони гул ҳамоно мерехт, ки мерехт».

Бузургии устод Одина Ҳошим боз дар он буд, ки ба ғайр аз истеъдоди баланди овозхонӣ, боз чандин асбобҳои мусиқиро бо маҳорати хос менавохт ва оҳангҳои пурмазмуну дилошӯб низ эҷод мекард. Ба аксарияти сурудҳояш худаш оҳанг мебаст.

Соли 1988 барои хизматҳои шоистаю бисёрсолааш баҳри рушди санъати миллии тоҷик ва тарбия намудани ҳофизони ҷавон устод Одина Ҳошим сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.

Агар гӯем, ки устод Одина Ҳошим яке аз ситораҳои тобони санъати тоҷик буд, хато намекунем.

Вале афсӯс, ки дар айни камолоти зиндагӣ ва авҷи фаъолияти эҷодӣ аз дунё гузашт. Умри дароз надид. Ҳамагӣ 55 сол. Ва дар ин умри кутоҳ ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат кард. Бо суруду таронаҳои ҷаззоб ва дилошӯбаш дар дили ҳазорон мухлисону ҳаводоронаш абадӣ маскан гирифт. Ӯро бо суруду таронаҳои дилнишинаш бо меҳр ёд мекунанд. Бо сурудани мисраҳои зерини шеърӣ моро огаҳ менамуд:

Намеранҷам, агар сад сол нодон н-оварад ёдам,

Вале мирам, агар як дам кунад доно фаромӯшам.

Оре, ёди устод Одина Ҳошим дар қалби ҳар инсони равшандилу равшанзамир, то ҷаҳон боқист, абадӣ мемонад.                                                      Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманигор

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019