Бойгонӣ

ХОКИ ВАТАН


-  Ватандорӣ беҳтарин давлату сарват аст. Ин маъниро кас дар мулки бегона бештар дарк мекардааст. Бо амри тақдир иттифоқ афтод, ки муддате берун аз хоки кишвар будам. Ва он ҷо эҳсос кардам, ки ҳавои Ватан, бӯи Ватан, замину оби он дигар аст. Бале, ба назарам чунин менамуд, ки ин ҷо, дар ин мулк одамон, рафтору кирдор, нишасту хез ва нигоҳҳои онҳо дигаранд. Ҳарфҳояшон, гуфторашон ва мисли ин набуд, ки дар Ватанам буд...

Ҳамсӯҳбати ман хомӯш гашт ва ғарқи андеша чашм ба замин дӯхт.   Ман ба чеҳраи вай бодиққат назар мекардам. Аз ҳарфҳояш хеле ғамгин шуда будам. Вақте ба чашмони ӯ менигаристам, дар нигоҳҳояш чунон ғаме, андӯҳе мушоҳида менамудам, ки дилам хун мегашт. Пешорӯи ман шахсе нишаста буд, ки дарду ғам ва заҳри ғарибиро хеле зиёд чашидаву дар мулки бегона бо чӣ мушкилоте мувоҷеҳ гардида буд. Дар мулки бегона ҳеҷ кас наметавонад худро хушбахт ҳис бикунад.

Ин суҳбат чанд сол пеш сурат гирифта буд. Ёдам ҳаст ҳамон вақт ба ноҳияи дурдасте сафари хизматӣ доштам. Чунин тасодуф афтод, ки меҳмони хонадони акаи Додарбек, аз сокинони деҳа шудам. Аҳли хонавода моро хеле хуш истиқбол намуданд. Суфра ороста, ғизо муҳайё карданд. Сари дастархони пурнеъмат аз ину он суҳбат намудем. Вақте сухан сари Ватану ватандорӣ рафт, чашмони акаи Додарбек пури об шуданд. Одатан мардон на ҳамеша ашк мерезанд, ҳатто барои ин агар сабабе ҳам бошад. Аммо ин мард мегирист, талх мегирист ва қатраҳои ашк дар рухсори ӯ пай мегузоштанд.

Акаи Додарбек шояд нахост, ки беш аз ин хотири меҳмононро озурда карда бошад, ашкони худро пок кард, табассуми малеҳе дар лабонаш ҳувайдо шуд ва торро ба даст гирифт. Оҳанги марғубу дилангезе аз зери мизроби акаи Додарҷон берун омад ва ба муҳити атроф навою тараби тозае зам намуд. Дар хона нишастагон ҳама мафтуну шайдои оҳанги ҷаззоби тори ӯ шуданд.

Пасон суҳбат боз сари ватану ватандӯстӣ баргашт.

- Ҳаводиси ибтидои солҳои 1990-уми қарни гузашта ба зиндагонии мо асари талхе гузошт. Дар он айёми пурошӯб мо ҳам маҷбур шудем Ватанро тарк кунем. Хонаҳо оташ гирифта, деҳаро дуду сиёҳӣ печонида

буд. Азбаски чораи дигаре набуд, мо ҳам дар қатори дигар гурезагон ба мулки бегона гузаштем. Чанд сол он ҷо мондем. Рӯзе дар тӯйи яке аз ҳамсояҳо иштирок намудам. Бо ҳасрат ба марди дар наздам нишаста гуфтам, ки як вақтҳо ҳофизӣ мекардам. Дар тӯю маъракаҳои хурсандии мардум иштирок намуда, шарики шодии эшон мегаштам. Дар Ватан хурду бузург маро мешинохт ва эътибору эътиное доштам. Он ошно ба неву нестони ман нигоҳ накарда маро ба базмгоҳ кашид ва эълон дошт, ки бо суруде соҳибҷашнҳоро табрик мекунам.

Ман, ки кайҳо пазмони тору суруд ва «кори худ» гашта будам, бо шавқи дучанд суруд хондам. Сидқан сароидам, то ғами дил барорам. Суруд ба мардум писанд омад магар, ки дубора талаби суруд хондани маро намуданд…

Ҳамин тариқ, оҳиста-оҳиста ман ба гурӯҳи санъаткорони маҳаллӣ шомил гаштам. Ба тӯйҳо даъват мешудам. Зиндагонӣ низ беҳтар гашта, ранги дигар гирифт. Камбудиҳои рӯзгор як-як бартараф мешуданд. Соҳиби хонаю дар ва автомашина гаштам. Хулоса аз чизе танқисӣ намекашидам. Аммо ҳамаи ин барои хушбахтии комил басанда набудааст. Хоби ором, сомон надоштам. Падару модар, пайвандон, деҳа ба хобам меомад. Маро хумори обу ҳавои Ватан мегирифт. Пазмони деҳа, рӯди шӯхи он, ки канораш даву тоз карда аввалин сурудҳоямро ин ҷо хонда будам, мегаштам. Ба назарам чунин менамуд, ки ҳавои ин ҷо маро гӯлугир мекунад, нафас бароям тангӣ мекунад. Мехостам ҳарчӣ зудтар ба Ватан-Тоҷикистони азиз баргардаму машомамро аз бӯйи гуворои Ватан муаттар намоям, озод нафас кашам. Аз сӯзиши қалб шабҳо бедор мешудам. Пайхас намудам, ки бегонаям байни ошноён. Ин ҳама азоби дардноке буд бароям …

…Бо шарофати талошҳои ҷоннисоронаи фарзанди бовафои миллат- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу субот фаро расид. Соли 1996 ба Ватан баргаштам. Чун қадам ба хоки муқаддаси Тоҷикистон мондам, маро эҳсоси аҷибу гуворое фаро гирифт. Ин лаҳзаҳоро наметавон бо чанд сухане тасвир намуд. Фурӯ афтидам болои замин ва хоки Ватанро бӯса задам. Бар вуҷудам, ба рӯҳу равонам як сабукие, оромие, фараҳу шодмонӣ ва хушҳолӣ роҳ ёфт. Беихтиёр ашк аз дидагонам равон гаштанд. Гумонам он кургиреҳе, ки дар дил доштам, боз шуд.

Бӯйи гуворои хок, накҳати гулу гиёҳҳо гӯё дар як он набзи диламро дигар намуд. Осону ором нафас мекашидам. Ҳавои Ватан гӯё вуҷуди маро дигар намуд. Мехостам бо тамоми ҳастиям дод занам. Овози ман- эҳсоси хушнудию ризоияти ман дар сарзамини аҷдодӣ, кӯҳу пушта, дашту даман танин андозад…

Худоё гумонам ин ҷо ҳама чиз: обу ҳаво, таҷаллии хуршед, дурахши ситораҳо, нигоҳи одамон ва ҳама ҳама чиз дигар аст…

Ин лаҳзаҳо дилам мерақсиду боғ боғ мешукуфт, ки Ватан маро гарм дар оғӯш гирифта. Болидарӯҳ будам, дилам ором гирифта буд. Гумонам офтоб ба зиндагониям нури тоза бахшида, саодат аз нав ёвари толеи ман гашта. Ин азизтарин, хостатарин лаҳзаҳо буд, ки ман ҳар сония берун аз марзи Ватан дар орзуяш будам.

Акаи Додарбек аз нав тори худро ҷур намуда, навои пурхурушу сурурбахшеро навохт. Ин ба гӯши ман мисли навои зиндагӣ, оҳанги шодмонӣ ва ризоияти як соҳибватан, ки шукронаи ин диёри биҳиштӣ- Тоҷикистони азизро мекунад, мерасид.

Акаи Додарбек бо эҳсосоти зиёд суруд мехонд. Ҳама аз хонишу навозиши ӯ лаззат мебурданд. Аммо ман дар ин лаҳзаҳо фикр мекардам, ки агар акаи Додарбек дар ғурбат мебуд, оё суруду оҳанги вай чунин ширин садо медод? Оре, хушбахтарин инсонҳо онҳоеанд, ки Ватан доранд, бадбахт он аст, ки беватан аст. Беватан дар ҳасрати хоки он мемирию васият мекунӣ -аз Ватан як каф хокам орзуст! Бале дар ҳасрати як каф хок !

                 

                                                           Латофат ЧОРИЕВА, рӯзноманигор



Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019