Бойгонӣ

ҶАЙҲУН. ФАРОВОНҲОСИЛӢ САМАРАИ ЗАҲМАТ АСТ

Дар баробари дигар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми солонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардида буд, ин зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, боғу токзорҳо ва ба ин васила беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза ва афзоиши ҳаҷми содирот маҳсуб меёфт.

Кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ҳамасола майдони киштзорро васеъ карда, тавассути истифодаи самараноки обу замин, техникаву технологияҳои замонавии кишоварзӣ ва истифода аз тухмиҳои аълосифат саҳми хешро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат бештар менамоянд.

Ноҳияи Ҷайҳун яке аз мавзеъҳои аз лиҳози кишоварзӣ асосиву муҳими вилоят ба ҳисоб рафта, бо заминҳои ҳосилхез ва мардуми меҳнатқаринаш дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ саҳми муассир мегузорад.

Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Пирназар Нуров, соли 2020 –ум дар майдони умумии 14 ҳазору 956 гектар ҳама намуди маҳсулот кишт шудааст, ки нисбати соли гузашта 200 гектар зиёд мебошад.

-Дар майдони 3 ҳазору 721 гектар пиёз кишт шудааст, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 1025 гектар зиёд мебошад. Тибқи дурнамо бояд 141 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шавад. То ин замон 25 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст, ки зиёда аз се ҳазор тоннаи он ба Афғонистон содирот шудааст, - гуфт ӯ.

Убайдулло Сатторов, деҳқони соҳибтаҷрибаи ин ноҳия дар якҷоягӣ бо аҳли оила заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, ки ин дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо нақши бузург мегузорад. Аз ҳисоби ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва фурӯши он рӯзгори онҳо ба хубӣ пеш меравад. Ин оила дар майдони 10 гектар хоҷагии деҳқонӣ ташкил кардааст, ки дар қисмати зиёди замини хоҷагиаш ҳамасола пиёз кишт мекунад.

Убайдулло Сатторов зимни суҳбат гуфт, ки ҳамасола аз тухмиҳои пешпазаки навъҳои “Эрбас” ва “Берсой” истифода мебарад, ки ҳосилнокиашон хеле зиёд буда, аз як гектар метавон то 90 тонна ҳосил ҷамъоварӣ кард.

-Агар мо як килограмм пиёзро ақалан 2 сомонӣ фурӯхта тавонем, (ин дар шароити болоравии имсолаи нархҳо дар ақсои ҷаҳон имконпазир аст) имкон дорем аз як гектар то 180 ҳазор сомонӣ маблағ ба даст оварем. Аз ин маблағ агар 80 ҳазор сомониаш барои хариди тухмӣ, доруҳои минералӣ, коркарду парвариши ҳосил, музди меҳнати саҳмдорон сарф гардад, 100 ҳазори он фоидаи соф боқӣ мемонад. Ин маблағ самараи ранҷу заҳмату талоши мо- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Бо ин ҳама гуфтаниям, ки агар инсон ҳалолу самараноку оқилона заҳмат кашад, подоши онро албатта ба хубӣ дида метавонад,- афзуд ӯ.

-Барои ҳосили хуб ба даст овардан, - мегӯяд Убадулло Сатторов - тухмии хубро интихоб намудан лозим аст. Интихоби дурусти тухмӣ ба деҳқонон фоида хуб меорад. Маслиҳати пирони корро низ гирифтан аз манфиат холӣ нест.

Захматкашони ноҳияи Ҷайҳун чун нозукиҳои истифодабарии заминро омӯхтаанд, дар баробари хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасони хешро низ оқилонаю самаранок истифода мебаранд. Аксарият дар заминҳои наздиҳавлаигӣ парвариши лимўро дар хандақҳо ба роҳ мондаанд, ки ҳамасола аз ин меваи ситрусӣ низ фоидаи хуб ба даст меоранд. Деҳқонон иброз медоранд, ки иқлими ноҳияи Ҷайҳун ба парвариши лимӯ низ хеле мусоид аст.

Абдуллои Ҳамзаҷон, лимӯпарваре, ки дар замини наздиҳавлигиаш ду хандақ дорад, зимни суҳбат зикр кард, ки ҳамасола аз ин хандақҳо то 8 тонна лимӯ ҳосил мегирад. “Харидорон худашон омада аз дари хона лимӯи моро харидорӣ мекунанд. Рӯзгорамонро аз ҳамин ҳисоб мегузаронем. Танҳо меҳнати ҳалолу самарабахш кардан лозим”, - мегӯяд ӯ.

Тибқи иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун Пирназар Нуров дар майдони 135 гектар парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Аз ин майдон ба миқдори 3 ҳазору 169 тонна лимӯ ҷамъоварӣ шуд, ки аксарияти он ба хориҷи кишвар содирот карда шуд.

Мувофиқи иттилои Раёсати иқтисод ва савдои вилоят бошад, дар мавсими имсола 5 ҳазор тонна лимӯ ҷамъоварӣ шудааст, ки 50 фисади он ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Заҳматкашони ноҳия ба он ҳама дастовардҳое, ки солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаю барои истеъмолкунандагон ниҳоят зарурӣ, аз қабили пиёз, лимӯ, тарбузу харбуза, меваю сабзавот қонеъ нагардида, роҳу имкониятҳои наву тозаи парвариши маҳсулотҳои ҳаётан муфидро ҷустуҷӯ менамоянд.

Чунончӣ соли равон аз ҷониби соҳибкори муваффақ Миршариф Шарифов дар хоҷагии деҳқонии “Миршариф”, ки дорои 45 гектар замин мебошад, бори аввал дар шароити Тоҷикистон шинонидану нигоҳубини зироати дар ақсои ҷаҳонӣ талаботи зиёд дошта – зайтун ба роҳ монда шуд. Ин соҳибкори чашмикордон ба Туркия сафар карда, муддати се сол дар шароити онҳо ба парвариши зайтун шинос гардид. Парваришу нигоҳубини онро акнун дар ноҳияи Ҷайҳун ба роҳ мондааст. Ҳамчунин баробари зайтун аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Туркия 13 ҳазор бех пистаи пайвандии хандон, ки самараи ҳосилаш арзиши баланду талаботи зиёд дорад, ворид карда, онҳоро дар масоҳати 25 гектари замини хоҷагии деҳқониаш шинонидааст.

Дар боғи навбунёди ин хоҷагӣ, ки дар заминҳои солҳои зиёд бекормонда ташкил шудааст, имрӯзҳо ниҳолакони зайтун, пистаи туркӣ, бодоми аз Афғонистон ворид карда шуда, хеле хуб нашъунамо ёфта истодаанд.

Соҳибкор Миршариф Шарифов бовар дорад, ки баъди чанд сол талошу заҳматаш самараи хуб ба бор хоҳад овард. Бахусус равғани аз дарахти зайтун истеҳсолшаванда, ки шифобахш низ ҳисоб меёбад, харидорони зиёдро пайдо мекунад.

                                                             Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019