ОҒОЗИ СОХТМОН БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА


29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Данғара ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

Тавре шуъбаи таҳлиливу иттилоотии МИҲД вилояти Хатлон хабар медиҳад, иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд карда мешавад.

Дар 26 ҳуҷраи корӣ, 3 маҷлисгоҳ бо 200, 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои омӯзишӣ — методӣ, хонаи вакилон барои кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулон ҷиҳати назорати ҷиддии сифати корҳои сохтмонӣ ва истифода аз маҳсулоти аълосифат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Добавить комментарий