28 май 18:30АСОСӢ / Ахбор / Мақомот

ПРЕЗИДЕНТ МАРКАЗИ ТАШХИСИ ТИББИИ “ДУРАХШ” - РО КУШОД



28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Маркази ташхиси тиббии “Дурахш” - ро мавриди истифода қарор доданд.

 Дар ин бора маркази матбуоти Президенти Ҷумњурии  Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Иншооти мазкури тиббӣ, ки аз таҳхона ва 5 ошёна иборат мебошад, дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бо тарҳи хеле зебо бунёд шудааст. 

- Маркази ташхиси тиббӣ дорои 70 кат барои беморон аст ва дар он 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ имкон дорад, ба зиёда аз 5 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонад, - гуфта шудааст дар хабар.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз шароити ин иншооти тиббӣ барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди чунин як иншооти муосири соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бохтар изҳори сипос намуданд.

 Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар ошёнаи якуми бино гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст, ки истифодаи самарабашх аз гулу гиёҳҳои шифобахши диёр бартарии дигари ин муассисаи тандурустӣ дар табобати беморон мебошад.

Озмоишгоҳҳои марказ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳа аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ, бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.

                                                                              
Добавить комментарий