Бойгонӣ

КУМАКҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ХАТЛОН РАСИД

Рӯзи 20 май ба вилояти Хатлон 233 мошин кумакҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шуданд.

Гуфта мешавад, ки ин кумакҳо бо мақсади дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ  ва табобати гирифторони коронавируси COVID-19 ба вилояти Хатлон равона карда шудаанд.

Мардуми шарафманди маркази вилоят - шаҳри Бохтар ба пешвози корвони кумак баромада, бо нидоҳои миннатдорӣ онро пешвоз гирифтанд.


Дар маросими қабули корвони кумак ба  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок карда, аз номи сокинони вилоят, махсусан табибони хатлонӣ, ки имрӯз муборизи асосии сафи пеши ҷабҳа барои солимии аҳолӣ мебошанд, миннатдорӣ намуд.

Корвони мазкур аз 1350 тонна хӯрокворӣ, 120 намуди доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла либос ва айнакҳои муҳофизатии тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, маводҳои безараргардонию беҳдоштӣ, таҷҳизоти тиббӣ ба маблаѓи беш аз 5 миллион сомонї  ва аз ҳама муҳим 20 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллион сомонӣ дастрас иборат будааст. 

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 3700 дона бомпӯш (шифер), 750 куб тахта, 78 тонна арматура ва 180 тонна семент, 16 тонна картошка, 16 тонна пиёз, 16 тонна сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ, равған, макарон, донагиҳо  ба миқдори умумии 84 тонна ҳамчун кумак фиристонида буданд.

                                                                      А. ФАЙЗ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019