Бойгонӣ

ЗАХИРАИ КАРТОШКА ДАР ЧОҲ

Истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замин тақозои замон буда, ба даст овардани ду-се ҳосил ва ҳатто бештар аз он дар як сол воқеияти ҳол аст. Зеро шуғли асосии аксари сокинони вилояти Хатлон маҳз кишоварзӣ ба шумор меравад. Баробари саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ сокинони маҳаллӣ низ заминҳои наздиҳавлигиашонро самаранок истифода бурда, барои таъмини эҳтиёҷоти оилаи худ дар он ҳамаи намуди сабзавоту меваҷотро парвариш менамоянд.

Нурмуҳаммад Неъмонов, сокини Ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён аз ҷумлаи он заҳматкашоне ҳаст, ки ба синну соли хеш нигоҳ накарда, дар замини наздиҳавлигии худ кор мекунаду аз маҳсули дасти ӯву фарзандонаш чор фасли сол аҳли ин хонавода баҳравар мегарданд.

Ӯ дар хоҷагиаш ҳамаи намуди зироатро парвариш мекунад, аммо картошкаро бештар мешинонад. Зеро картошка аз маҳсулоти аввалияи ғизоӣ буда, нони дуюм ба шумор меравад ва он нисбат ба дигар намуди зироат бештар истифода бурда мешавад.

- Чанде пеш ҳосили пиёзро ҷамъоварӣ намуда, ба ҷояш помидор кишт кардем. Баъд аз он макка барои дон мекорем ва дар кишти чаҳорум боз ҳам картошкаи баҳорӣ корида, аз самари он то баҳори оянда истифода мебарем, - мегӯяд Н. Неъмонов.

Ба гуфтаи ин кишоварзи некном аксари маҳсулоти ғизоиро онҳо аз замини худ ба даст меоранд ва аз бозор ба ҷуз гӯшту равғану шакар ва ба ҳамин монанд маҳсулот дигар на сабзавот мехаранду на мевагӣ. Зеро дар саҳни ҳавлии онҳо қариб ҳамаи намуди маҳсулоти озуқавории аввалия мерӯяд ва ҳеҷ эҳтиёҷе барои харидан намемонад.

Аъзои ин хонадон ҳама серкору меҳнатдӯст ҳастанд. Чунки роҳбари оилаи мазкур бобои Нурмуҳаммад фарзандони худро дар ҳамин рўҳия ба камол расонидааст.

Холаи Зубдагул - бонуи хонадон кори худро хуб медонад. Ӯ зани оқилу ҳушманд буда, ғами фардояшро ҳамеша мехӯрад. Ин аст, ки ҳамасола дар чоҳи бобоӣ маводи ғизоиро захира намуда, дар вақти лозима онро берун мебарорад.

Ба гуфтаи холаи Зубдагул картошка дар дохили чоҳи худсохт, ки нақши яхдон ё сардхонаро мебозад, то дер нигоҳ дошта мешавад ва он дар ин шароит талаф намеёбад. То ҷамъоварӣ гаштани ҳосили баҳорӣ, яъне охири моҳи май, аз он истифода мебаранд ва ин оила аз бозор умуман картошка намехаранд. Ҳамин тавр, бо омадани ҳосили баҳорӣ аҳли хонадон аз картошкаи нав истифода бурда, боз ҳам дар ҳамин шакл барои соли оянда ҳаҷми муайяни онро захира мекунанд.

Ҳавлии бобои Нурмуҳаммад мисли чаманистон аст. Аз дохили ҳавлӣ оби соф мегузарад. Ҳама ҷо сарсабзу хуррам буда, саҳни ҳавлиашро дарахтони мевадиҳандаю гулу гулбуттаҳои ороишӣ, махсусан садбаргҳои рангорангу зебо ҳусн бахшиданд. Дар ин ҷо наберагони ин марди хирад занбўриасалпарварӣ низ мекунанд.

Нурмуҳаммад Неъмонов шукри обу хоки сарзамини пурбори Ватан мекунад. Ӯ мегӯяд, ки нарасидан ба қадри ҳар пора хоки диёр куфрони неъмат аст. Ба андешаи ӯ нафаре, ки дар замин кор мекунад, ҳатман подошашро ба даст меорад.

Бо дидани манзараи ҳавлии Неъмоновҳо ҳаваси кас меояд. Зеро ин ҷо ҳамаи намуди зироати кишоварзӣ парвариш карда шуда, бошандагонаш аз маҳсули дасти худ сабзавоту кабудиҳо ва меваҷоти тару тоза истеъмол мекунанд, ки он ҳаловати дигар дорад.

                                                                                                А. МАҲКАМОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019