ДАР ЗАБОН ВОЖАИ ИСТИҚЛОЛ АСТ
Шараф, ба ибтикору талошҳои марди воқеан хирадманд - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки байрақи музаффари Озодӣ, Ваҳдат ва сулҳу якоякиро ба дасти мо часпонду болои сар парафшон сохт.
Миллати муташаккир ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, ки Озодии мо дар маҳлакаи навмедию нобудӣ ғарқида буд. Кишвари азизро хатари парокандагию нотавонию бесарусомониҳо дарҳам кашида, анқариб Истиқлолияти тозарасидаи моро маҳву нобуд мекард. Мухолифини бадкеш, нохайрхоҳу душманони моро эҳсоси шодхорагӣ мебахшид тақдири талхи пешомада. Шукри беҳад, дар ин вазъу авзо дасти Истиқлолсози Пешвои миллат дароз гардид ва кохи Озодии муборак афрохта шуд.
Сарафрозем, ки зодбуми куҳанбунёди моро халқҳо, миллатҳо, қабоили тамоми ҷаҳон чун ҷомеаи Озодию Саодат шинохтанду ба расмият пазируфтанд.
Ҷаҳон бишнохт Истиқлоли моро,
Шукӯҳу шуҳрату иқболи моро.
Вале, он гуна, ки ишора кардем, бадхоҳону нотавонбинони миллат Истиқлолияти Тоҷикистонро дида натавонистанд. Истиқлолиятеро, ки он соли 1991-и асри ХХ баъди ҳазорсолаҳо ба даст омад. Дар ин мулки куҳанбунёди тозаистиқлол паи нобудии он дасиса паи дасиса барангехтанд.
Баҳри маҳви орзую ормонҳои ширини халқи тоҷик дар роҳи расидан ба субҳи атрогини рахшон. Доман кашид ҷанги сӯзони шаҳрвандӣ дар диёр. Парокандмардумбағарибиюсарзаминҳои ноошною дури бегона.
Муроди муғризон дар аввал ба маҳлакаи нобудӣ партоб кардани забон ва озодии тоҷикона буд. Чун забон ҳастию давоми миллат аст ва озодӣ қудрату эътибору эътимоди ватандорӣ. Бадин эътибор сарафрозона мардуми тоҷик имрӯз мегӯяд, ки хидмати қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати дастовардҳои истиқрори ваҳдату сулҳу субот, барҷастасозии озодӣ бесобиқа муаззам аст.
Агар Фирдавсии Тӯсӣ дар „Шоҳнома“ таърихи Аҷамро зинда гардонида бошад, ибтикори ҷасуронаи Сарвари давлати навини мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки рӯҳи созандаю озодипарасту ватанпарваронаи тоҷикро дар китоби „Тоҷикон дар оинаи таърих“ аз нав эҳё кард. Тоҷики тамаддунофарро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Пирӯзии бардавом бар ин иқдоми шоиста, ки кишвари моро ба сатҳи мулку маконҳои мутараққии дунё бароварда кард.
Дар ҳақиқат Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон бистуҳашт сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқу миллат нодиртарин падидаи сиёсию сарнавиштсоз мебошад. Падидае, ки дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ, ки басо пуртазод буд, халқи тоҷик тавонист бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи матину қавӣ оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодию адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ, ваҳдату якдигарфаҳмии табақаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон устувору побарҷой гардонад.
Таърих баъди садсолаҳо ба миллати соҳибтамаддуни мо шароит фароҳам овард, ки суннатҳои аҷдодии давлатдориро аз нав эҳё созад. Аз нав эҳё сохтаю номи худро дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақил бо ҳарфҳои заррин сабт намояд. Дар ин росто пешорӯи давлати тозаистиқлол ҳамон замон вазифаҳои басо душвору пурмасъулият меистод. Пеш аз ҳама ҳифзи марзу бум, ягонагию иттиҳоди миллӣ, барқарор сохтани иқтисодиёти харобгаштаю фалаҷшуда, бунёди пояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаву судманду манфиатбахш бо кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ, густариши фарҳанги миллии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, ки аз уҳдаи ҳамаи он ба хубӣ баромад.
Дар шароити рақобати шадиди сиёсию иқтисодии ҷаҳони имрӯза ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои қудратталаб роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дурандешонаро пеш гирифт. Дар роҳи берун овардани кишвар аз гирдоби даргириҳои сиёсӣ ва расидан ба ваҳдати саросарӣ нақши созандаи Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ хеле калону арзанда аст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия алорағми азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапарасту неруҳои тундрав роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ матраҳ гардид. Мардум кинаҳоро аз синаҳо покшӯӣ карда, зери парчами нангу номус бо ҳам омадаю муттаҳид шуданд. Ба шарофати мустақилият халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Иҷлосия сохторҳои конститутсионӣ, рукнҳои нави давлату давлатдорӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро муқаррар сохт.
Чун имрӯз аз Истиқлолияти миллӣ ва дастовардҳои он ҳарф мезанем, нахуст суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир меояд, ки гуфтаанд: „Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо будааст“. Пас, моро мебояд, ки ба ин рукну падидаю ҷавҳари зиндагӣ арҷ гузорем. Арҷ гузоштаю онҳоро эҳтиром намоем.
Дар арафаи ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ дар забони хурду калон вожаи Озодӣ чарх мезанад. Вожае, ки он мазмуну маънои саодату сарбаландӣ ва хушбахтии рӯзгори сокинони диёрро дошта, маҷаллаи мо низ ба он созгору ҳамовоз аст.