Бойгонӣ
Июль 2025 (6)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)

БОЗДИДИ Қ. ҲАКИМЗОДА ВА Д. ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ НОҲИЯИ ХУРОСОН

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо вазъи зист ва таъминоти мардуми бар асари сел зарадидаи ноҳияи Хуросон аз наздик шинос шуданд. Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст.


Тавре пештар хабар дода будем, бар асари боронҳои бардавоми рӯзҳои 14 ва 16 майи соли равон  дар деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Неъматулло Асадулло ва 18-ум анҷумани ҳизби ноҳияи Хуросон сел омада ба манзилҳои истиқоматию иншоотҳои ёрирасони хусусию ҷамъиятӣ ва заминҳои кишоварзии 

мардум зарари моддӣ расонида, як нафар ҳалок шуда буд.


Зимни суҳбат бо мардуми зарардида Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода бо таъкид доштаанд, ки ба оилаҳои аз манзили зист маҳрумгашта дар маҳалли бехавф қитъаҳои замин ва ҳамчунин кумакҳои пулию молӣ расонида мешавад.


Тибқи иттилои манбаъ сел 35 метри каналро дар деҳаи Пахтаобод рахна намуда, пикети 659 ба масофаи 240 метр вайрон гардида, ба ҷарии 40-50-метра фурӯ рафтааст. Ин ҳолат обёрии майдони 2600 гектар заминҳои хоҷагиҳо ва наздиҳавлигиро ғайриимкон гардонидааст. 


Ҳамчунин офати табиӣ инфрасохтори деҳаҳои ХуросонИстиқлолба номи НАсадуллоҲалқаҷар ва 18-ум анҷумани ҳизбро хароб намуда, қисми зиёди роҳи маҳаллӣ дар деҳаи Пахтаобод вайрон шудааст.


Ёдовар мешавем, ки бо сарварии муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода ситоди бартарфсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шудааст.
                                                                                                                   А. Файз
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД