Асрори кӯли Қайнар

Деҳаи Қайнар яке аз мавзеъҳои хушманзараю хушобу ҳавое мебошад, ки дар нуқтаи мобайни кӯҳҳои Хоҷа Муъмин ва Хоҷа Сартез 15 километр дуртар дар қисмати шимолии маркази ноҳияи Восеъ ҷойгир шудааст.

Дар байни деҳаҳои Қайнари боло ва Қайнари поён як ҳавзи оби мусаффо воқеъ гардидааст, ки воқеан ҳам онро «муъҷизаи табиат» номидан мумкин аст.

Масоҳати ин ҳавз тақрибан 2 гектарро ташкил дода, уштурмонанд аст. Оби он хеле хуштамъу мусаффо буда, ҳавз дорои 5 намуди моҳиҳои гуногун мебошад.

Дар дохил ва гирду атрофи деҳаи Қайнар зиёда аз 50 чашмаҳои оби зулолу хунук мавҷуд аст. Оби ин чашмаҳо чунон софу тоза ва хунуку хуштамъ мебошанд, ки кас аз нӯшидани он ҳаловат мебарад.

Якчанд сол пеш оби чашмаҳои ин мавзеъро ҳамчун оби хуштамъи маъданӣ тайёр намуда, ба муштариён пешниҳод мекарданд.

Оби ҳавзи Қайнар ва чашмаҳои гирду атрофи он бештар аз 5 000 нафар аҳолии деҳаҳои номбурдаро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд. Танҳо оби ҳавзи Қайнар зиёда аз 300 гектар заминҳои кишти хоҷагиҳои деҳқонии Љамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияро обшор менамояд.

Мардуми якчанд деҳаҳои гирду атроф заминҳои назди ҳавлигии худро аз оби ҳавзи Қайнар обёрӣ мекунанд. Дигар чашмаҳои хурди атрофи ҳавз ба шохоби дарёи Ёхсу ҳамроҳ шуда, тавассути дарёи Панҷ ба баҳри Арал рафта мерезад.

Номи кӯли Қайнар ба номи деҳаи Қайнар иртибот дорад. Яъне аз номи деҳ гирифта шудааст.

Дар байни мардум қиссаю ривоятҳое мавҷуд аст, ки як замоне дар кӯли Қайнар (дар сарчашмаҳо бо номи Нозкўл ёд мешавад) аспи обӣ зиндагӣ мекардааст. Ҳатто дар сарчашмаю китобҳои илмӣ низ омадааст, ки гӯё дар қаъри кӯли Қайнар замоне аспҳои обӣ зиндагӣ мекарданд.

Дар навиштаҳои ровии асри 9 Ибни Хурдодбеҳ омадааст: «Дар шаҳре, ки Хуталон ном дорад ва он мамлакати Ҳорис ибни Асад писари амаки Довуд ибни Абӣ Довуд ибни Аббос, замоне, ки ба Фирӯз ҳуҷум карда буд, мебошад, зиёда аз ҳазор чашма мавҷуд аст. Дар ин шаҳр аз он ҷумла – яке дар наздики дарвозаи поён ва дигар, ки Нозкӯл ном дорад, дар назди дарвозаи боло вуҷуд дорад.

Абул Фазл - ромкунандаи аспҳои ибни Ҳорис ибни Асад чунин ривоят кард, ки аспи баромади барзавнҳои (аспи даванд) хушзоти хуталӣ аз ҳамон чашмаи Нозкӯл мебошад.
 Замоне дар Хуталон подшоҳе будааст, бо номи Бик. Ӯ аспони зиёде дошт ва галлабонаш онҳоро доимо ба чаро мебурд. Дар айни гармои рӯз галлабон аспҳоро ба назди ин чашма меоварад, то дар сояи дарахтон аз гармо паноҳ ёбанд. Дарозию паҳноии оби он чашма тақрибан ба 400 зироъ баробар ва обаш орому соф буд. Рӯзе галлабон аз хобаш бедор шуда, дар байни барзавнҳояш барзавни беандоза дарозеро, ки он дар назараш даҳшатнок намуд, дид. Вале зери чашм аз пушташ назорат кард. Чун бегоҳ шуд, он барзавн ба оби чашма парида нопадид гашт. Галлабон аз ин кор дар ҳайрат монд ва ҳар боре, ки ба назди чашма меомад, он аспро мепоид. Рӯзе ҳамон барзавн бо байтале ва бо барзавнҳои ӯ омехта гардиданд. Ниҳоят онҳо бо барзавнҳои ӯ якҷоя дар чарогоҳ мечаридагӣ шуданд. Он бирзавн (ё барзавн) бо якчанд байтали подшоҳ ҷуфтӣ шуд ва баъд аз муддате онҳо тойчаҳои калонҷуссаи хушзоту болобаланд таваллуд карданд. Галлабон аз ин хушнуд гардида, ба подшоҳ дар ин хусус башорат дод. Подшоҳ ниҳоят шод шуд ва бо дарбориёнаш ба шикор баромада, ба сӯи чарогоҳи барзавнҳояш роҳ пеш гирифт. Чун ба тавилаи аспонаш расид, ба ромкунандаи онҳо фармуд то тойро аз насли он бирзавн бо каманд дошта, зину лаҷом занад. Чун ӯ ба той зину лаҷом зада савор гардид, он гӯё дар байни замину осмон мепарид. Гардониданаш бо лаҷом осон ва гашташ ниҳоят сабук буд. Аммо вақте зинро аз ӯ барканданд, тамоми аспҳое, ки аз чашма баромада буданд, ба ҷуз аз онҳое, ки тойча зоида буданд, аз чарогоҳ баргашта, боз ба ҳамон чашма шуданд.

Ана аз ҳамон вақт сар карда, то имрӯз аз он чашма дигар ҳайвоне набаромадааст. Ҷинси бирзавнҳои хуталонӣ бошад, аз онҳо боқӣ монд.

Мувофиқи ривояти дигар номи кӯли Қайнар бо номи сарлашкари бузурги македонӣ Искандари Зулқарнайн иртибот дорад.

Ривоят мекунанд, ки аҳди қадим (Искандар солҳои 329 пеш аз милод ба Суғду Бохтар ҳуҷум кардааст) байни мардуми маҳаллӣ ва лашкари Искандари Зулқарнайн муҳорибаи шадиду нобарор ба вуқӯъ омадааст. Искандар аҳолии маҳаллиро шикаст дода, ҳамаи асиронро дар ҷои муҳориба (ҷои ҳозирааш кӯли Қайнар) сар буридааст. Гӯё дуои малоикае мустаҷоб шудаасту аз хуни шаҳидон кӯли Қайнар пайдо шудааст.
Гурўҳи дигаре дар ин ақидаанд, ки баромад ва решаи ин ном аз забони туркӣ мебошад. Оби ҷӯшидаистодаро ба забони узбекӣ «қайнадӣ» мегӯянд. Дар ҳақиқат, оби чашма кӯли ҷӯшидаистодаро мемонад. Муъҷизаи асосии кӯли Қайнар ин аст, ки тӯли садсолаҳое, ки он арзи вуҷуд дорад, обаш тамоман кам нашудааст.

Олими таърихшинос Музаффар Азизов дар китобаш «Мухтасари таърихи Хатлон» менависад, ки ба воситаи қубурҳои гилини нақшдор аз кӯли Қайнар ба шаҳри Ҳулбук – пойтахти Хатлон ва дигар мавзеъҳои гирду атроф оби нӯшокӣ бурда мешуд.

Дар кӯли Қайнар тамоми фасли сол моҳиҳои зебою сурхчатоб ва мурғобиҳои хурди сиёҳранг зиндагӣ мекунанд. Мурғобиҳо дар гӯшаҳои канори кӯл лона сохта, тухм мегузоранду чӯҷа мебароранд. Аҷиб он аст, ки чунин моҳиҳою мурғобиҳо дар дигар дарёҳою обҳои гирду атроф дида намешаванд.

Имрӯзҳо сокинони деҳаҳои гирду атроф кӯли Қайнарро ҳамчун мавзеи муқаддас ва муъҷизаи табиат муҳофизат намуда, ободу зебо нигоҳ медоранд.

Дар доираи эълон гардидани Солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирию кумакҳои молиявии соҳибкорони ватанӣ даруни кӯл пурра тоза карда шуда, дар гирду атрофи он садҳо бех гулу буттаҳои ороишӣ, ниҳолҳои сояафкану мевадор шинонида шудааст. Аз назди кӯл то шоҳроҳи Душанбе-Восеъ-Ховалинг тахминан 500 метр роҳ аст. Ин масофаи роҳ пурра ва бо сифати баланд мумфарш ва чароғон карда шудааст.

Воқеан ҳам мавзеи кӯли Қайнар ҳамчун хатсайри сайёҳӣ ба як макони зебо, тамошобоб ва биҳиштосо табдил ёфтааст.
Дар қисмати шимолӣ, ки оби кӯл ҷорӣ мешавад, сохтмони бинои зебою хуштарҳи чойхона ва маркази фароғатию – истироҳатӣ дар арафаи анҷомёбист.

Акнун сайёҳони дохилию хориҷӣ метавонанд ба ин мавзеи зебою хушбоду ҳаво омада, аз оби зулолу хунук ва хуштаъми кӯл нӯши ҷон кунанд ва аз тамошои манзараҳои дилфиреби он як ҷаҳон ҳаловат баранд.
                                                                                  Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманигор
Добавить комментарий