Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Кумаки раиси вилоят ба табибони кўлобӣ
Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба 117 нафар табибони шаҳри Кўлоб кумаки ғизоӣ расонид. Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои расида, табибони Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб аз ин кумаки раиси вилоят бархўрдор шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ин кумак аз маводҳои озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка ва пиёз иборат будааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин раисони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардаанд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати саривақт ва дар навбати аввал гирифтани маоши моҳона,
инчунин кумакпулиҳои иловагӣ ва дигар навъҳои дастгирии кормандони соҳаи
тиб фавран тадбирандешӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои муаззами миллат зимни Паёми табрикиашон бахшида 75- солагии Рўзи Ғалаба низ ба ҳар як табибе, ки дар ҳамаи муассисаҳои тиббии бо ин мақсад махсусгардонидашуда барои табобати шахсони бемор шабу рӯз заҳмат кашида истодааст, сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Бояд гуфт, ки ба андозаи 1 маош зиёд кардани музди маоши кормандони соҳаи тиб аз дастгириву ғамхориҳои дигари Пешвои миллат мебошанд, ки чанд рўз пеш амалӣ карда шуданд.
Добавить комментарий
Ахбор
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд 12:31ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


