КАМХУНӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН
Хун дар организми инсон нақши асосиро доро буда, ҳамчун таъминкунандаи узвҳои ҳаётан муҳими инсон мебошад. Зеро аз оксиген пур шудани он тариқи рагҳои хунгард ба организми инсон маводҳои ғизоиро тақсим мекунад. Дар таркиби хун асос эритроситҳоанд, ки маҳз он сурхкунандаи ранги хун мебошад.
Вобаста ба камхунӣ бояд қайд намоям, ки ин беморӣ дар худ омилҳои зиёдеро доро мебошад. Аз ҷумла, бемории музмини меъда, талха, бачадон, миомаи бачадон, гурдаҳо, хунравии меъда, норасоии ғизо ва нодуруст истифода бурдани маводҳои доруворӣ, риоя нагардидани фосилаи байни таваллуд метавон омили пайдоиши камхунӣ гарданд. Аз ҷониби дигар сабаби асосии камхунӣ дар калонсолон ба таври лозима норасоии витамини В12 дар организми инсон мебошад. Норасоии витамини В 12 боиси мушкилоти зеҳнӣ, хобравии дасту пой, фаромӯшхотирӣ, афзоиши суръати кори дил, зард шудани пӯст, варам кардани забон оварда мерасонад.
Ҳар як беморӣ ба худ нишонаҳоеро дорост. Аз ҷумла, нишонаҳои камхунӣ дар навбати аввал ин бемадорӣ, дарди сар, мондашавии бардавом, тез - тез бемор шудан, рехтани мӯйи сар, сарчархзанӣ, торикшавии чашм ҳангоми ҳаракат кардан, асабоният ва монанди инҳо мебошад. Он нафароне, ки ин аломатҳоро дар худ эҳсос мекунанд, бояд ба духтури минтақаи ҷои зист ҳатман муроҷиат намуда, аз ташхис гузаранд ва табобатро пурра бигиранд.
Камхунӣ бо роҳи осону сода маълум карда мешавад. Барои маълум намудани беморӣ ташхиси хун гузаронида мешавад. Натиҷаи ташхисро омӯхта, омилҳоеро, ки боиси камхунӣ гардидаанд, тариқи табобати дуруст бартараф хоҳанд шуд.
Набояд фаромӯш кард, ки занон дар давраи ҳомиладорӣ бештар дучори камхунӣ мегарданд. Омили пайдоиши камхунӣ дар давраи ҳомиладорӣ ин ҷанин ба ҳисоб меравад. Аз лаҳзаи пайдо шудани ҷанин дар батни модар аллакай моддаҳои ифлос (токсинҳо) пайдо мешаванд, ки барои хориҷ кардани ин модаҳо яъне оҳани хун бо сабаби аз меъда ҷабида нашудани оҳан, набудани сафеда заҳрҳоро аз бадан бароварда наметавонад ва дар натиҷа ҳуҷайраҳо заҳролуд мешаванд. Аз ин рӯ ҷабиши оҳан ва сафеда дар хун кам шуда, зардоби хун зиёд мешавад.
Нишонаҳои бемории камхунӣ ҳангоми ҳомиладорӣ пеш аз ҳама бемадорӣ, зард шудани болои лаб ва кафи даст, бемадории мушак, пайдошавии сарторикии ғайритабиӣ амсоли хокхӯрӣ, бӯй кашидани керосин, кафидани кунҷи лабҳо ва нохун, варами пойҳо, торикшавии чашм аст.
Набояд фаромӯш кард, ки бемории камхунӣ дорои оризаҳои зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар давраи ҳомиладорӣ нобудшавии тифл дар батни модар то таваллуд, аз сабаби хунравии зиёд кафидани ҳамроҳак баъди таваллуд, ба дунё омадани тифлони камвазн ва беқувват, илтиҳоби шуш, паст шудани муҳофизати бадан, баланд шудани ҳолатҳои сироятёбии кӯдаки навзод, суст инкишоф ёфтани ҷисм дар овони кӯдакӣ, бемадор шудан ва фавти модарон, вайроншавии гардиши хуни тифл ва модар, пешомади ҳамроҳак, варами умумии бадан бо баландшавии фишори хун оризаҳои камхунӣ ба ҳисоб мераванд.
Шахсоне, ки мубталои камхуниянд, бояд бештар ғизои солим ва табиӣ истеъмол намоянд. Аз ҷумла, гӯшт, ҷигар, гурда, зардии тухм, шир, карам, лаблабу панир ва моҳӣ бояд истеъмол намуд. Оҳан бештар дар таркиби зардолу, авокадо, ананас, лӯбиёгиҳо, ангур, анор, себ, марҷумак, анҷир, картошка, чормағз (бахусус писта), шафтолу, каду, хуч ва аз кабудиҳо- ҷаъфарӣ, шибит, сирпиёз мавҷуд аст, ки истеъмоли он барои инсон зарур аст.
Имрӯз мо, табибон нигарон аз онем, ки вақтҳои охир аксаран беморон ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои камхунӣ бе ташхиси хун ва тавсияи табибон дарҳол аз дорухонаҳо доруро дастрас намуда, ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд. Худтаботаткунӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, зеро он бе муоинаи духтур ва гузаштани ташхиси тиббӣ сурат гирифтааст. Бинобар ин ҳар як бемор бояд таҳти назорати табиб, бо тавсияи духтур табобат гирад.
Набояд фаромӯш кард, ки истеъмоли баъзе нӯшокиҳои спиртӣ, истифодаи давомноки баъзе доруворӣ, оқибати худтабобаткунӣ ба камхунӣ оварда мерасонад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар кӯдакони камхун нишонаҳои қафомонӣ дар омӯзиш низ дида мешавад. Аз ин рӯ баҳри сиҳатии худ ва фарзандонатон диққати зарурӣ дода, дар ҳолати мушоҳида гаштани нишонаҳои болозикр дарҳол ба табибони ҷои зист муроҷиат намуда, аз маслиҳату машварати мутахассисони тиб истифода баред.
Асрор СУЛТОНОВ, духтури
амрози дарунаи Маркази