НЕЪМАТИ ГАРМХОНАҲО
Фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ пеш аз ҳама аз кишоварзон вобаста аст. Зеро онхоанд, ки дар замин шабу рӯз заҳмат кашида, ҳосил ба даст меоранд ва аз маҳсули дасти онҳо дигарон баҳравар мегарданд. Аз ин лиҳоз нақши кишоварзон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат хеле ҳам бориз аст.
Барзгарони ноҳияи Ёвон дар ин самт фаъолияти назаррас доранд. Дар баробари кишти зироати кишоварзӣ дар майдонҳои кушод онҳо дар 201 гармхона ба парвариш ва истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидору бодиринг ва кабудиҳо машғуланд. Танҳо дар ҶДММ "Сизиян энхай", ки он соли 2014 дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд таъсис дода шуда, 49 гектар масоҳат дорад, 14 гектараш 196 гармхона мавҷуд аст. Асосан дар ин гармхона помидор ва дар шумораи ками он кабудию дигар намуди сабзавот парвариш карда мешавад. Чор гармхона танхо барои истеҳсоли кӯчат мебошад ва он ҳам барои кишти навбатӣ истифода бурда мешавад.
Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсари Юсуфова дар ноҳияи Ёвон макони помидорпарварӣ дониста мешавад ва аз ин лиҳоз қариб ҳамаи гармхонаҳо дар ҳамин ҷо бунёд ёфтаанд. Ба гуфтаи кишоварзон маҳз ҳамин қитъа бо обу хок ва иқлимаш барои истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ мувофиқ аст.
Дар гармхонаҳои номбурда ягон воситаи гармидиҳии аловӣ ва ё барқӣ истифода бурда намешавад. Растаниҳои он танҳо аз гармии табиии дохили гармхона ва зери нури офтоб нашъунамо мекунанд. Дар гармхонаҳои мазкур таҷҳизоте насб гардидаанд, ки бо истифода аз онҳо дар вақти зарурӣ кишоварзон плёнкаи болои гармхонаро мекушоянд. Аз ин лиҳоз ҳосили ин гармхонаҳо мисли помидорҳои дар майдони кушод киштшудаанд, бомазза мебошанд.
Ин усули гармидиҳӣ камхароҷот буда, имкон фароҳам меорад, ки кишоварзон бо сарфи камтари маблағ даромади бештар ба даст оранд ва дар ин баробар сокинонро бо сабзавоти барвақтии тару тоза дар ҳама фасли сол таъмин намоянд.
Заҳмати шабонарӯзии беш аз 50 нафар кишоварзони асили хољагии деҳқонии мазкур аст, ки онҳо шурӯъ аз аввали сол то ба имрӯз ҳосили дастранҷи хешро ҷамъоварӣ намуда, бозорҳои якчанд шаҳру навоҳии мамлакатро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин менамоянд. Аз ҳосили имсола кишоварзон бо хушнуди ҳарф мезананд. Зеро ба гуфтаи онҳо аз ҳар як бутта ба ҳисоби миёна панҷ килограми помидор гирифта истодаанд, ки ин ҳаҷм дар муқоиса бо дигар сабзавоткорон хело ҳам хуб мебошад. Деҳқонони ин хоҷагӣ корро тавре ба роҳ мондаанд, ки то моҳи июн аз ин гармхонаҳо ҳосил мерӯёнанд.
Бино бар иттилои Аскарбек Набизода, муовини аввали раиси ноҳияи Ёвон ба холати 1-уми апрели соли равон аз ин гармхонаҳо қариб 200 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки 155 тоннаи онро помидор ва 45 тоннаашро дигар намуди сабзавот ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2018 қариб як баробар зиёд мебошад. Ҳосил дар худи хоҷагӣ бо риояи қоидаҳои тиҷоратӣ банду баст карда шуда, ба пойтахти кишвар, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Бохтар содирот карда мешавад.
Парварши зироати кишоварзӣ дар ин хоҷагӣ бо усулҳои муосир роҳандозӣ гардида, дар онҳо ғизодиҳӣ ва таъмини намнокӣ ба усули қатрагин ба роҳ монда шудааст. Бар зидди касалию ҳашароти зараррасон бошад дар гармхонаҳо варақаҳои махсуси кимиёвӣ овезон карда шудааст, ки онҳо натиҷаи хуб дода истодаанд. Ба гуфтаи мутахассисон чунин тартиби кор барои бештару барвақтар ва бо сифат истеҳсол гардидани маҳсулот мусоидат менамояд.
Кишоварзон аз навъҳои ҳолландии кӯчати помидор истифода намуда, бо риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ дар парвариши ин намуди маҳсулот муваффақ гаштаанд. Онҳо иброз медоранд, ки ин навъи помидор пешпазак, серҳосил, хушмазза ва муҳлати нигаҳдориаш зиёд буда, барои интиқол додан ба дигар манотиқ мувофиқ мебошад.