60 СОЛ ДАР МАСИРИ МАЪНАВӢ

Дар шаби эҷодӣ ҳунармандони вилоят шурӯъ аз овони кӯдакӣ то ба камолот расидани Зариф Ибод намоишҳои театрикунонидашударо рӯи саҳна гузоштаанд, ки бозгӯ аз ҳаёт ва фаъолияти босамари ӯ буд.
Дар чорабинии фарҳангию адабӣ шоир ва нависандаи ширинкалом аз ашъори пурэҷози худ шеъру таронаҳо хонда, лаҳзаҳои хотирмон ва гуворои ҳаёти худро нақл кард. Санъаткорон низ аз ашъори устод сурудҳо сароиданд ва ба ин васила муҳаббату самимияти худро ба ӯ иброз намуданд.
Маҳсули эҷоди Зариф Ибод то ба имрӯз рӯи саҳнаи театр гузошта мешавад. Матолиби таҳиянамудаи ӯро ҳунармандони театри вилоятии лухтаки “Афсона” ҳам истифода намуда, намоишномаҳои ҷолибу диданиеро баҳри бинандагони хурдсол омода месозанд. Ин аст, ки онҳо бо дастагули ҳунар дар баргузории ин тадбири фарҳангӣ саҳм гузоштанд.
Китобҳои шеърии Зариф Ибод то ба имрӯз бо номҳои “Навои зиндагӣ”, “Давлати бедор”, “Умед”, “Аз нигоҳи дил” “Шаҳри Қӯрғонтепаи зебои ман”, “Бо сари боло”, “Майдони андеша”, романҳои “Ману замин - модар”, “Дар маҳбаси назар”, қиссаҳои “Фариштаи ман”, “Кохи ҳунари Вахшон” ва амсоли ин даҳҳо нигоштаҳоияш нашр гардида, дастраси хонандагон гардидаанд.
Асарҳои саҳнавиаш низ мисли “Наштари рашк”, “Мужда”, “Фаввора”, “Модарнома”, “Обу ободонӣ” “Баҳодурон” ва “Дар талоши зиндагӣ” рӯи чоп омадаанд.
Бо қадршиносӣ аз заҳматҳои тӯлонӣ шоми эҷодии устоди сухан Зариф Ибод дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва хубу хотирмон баргузор гардид.