Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Истиқлол — пояи давлатдории миллӣ ва омили рушди ҷомеа
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас ва фаромӯшнашаванда мебошад. Истиқлол ба мо имконият фароҳам овард, ки ҳамчун миллати соҳибдавлат роҳи рушди мустақилонаи худро муайян намуда, барои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободии Ватан саҳми арзанда гузорем.
Дар тӯли 35 соли истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон марҳилаҳои муҳим ва сарнавиштсозро тай намуда, дар самти таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз мо бояд ин дастовардҳоро қадр намуда, барои ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ масъулияти бештар эҳсос намоем.
Ҳамчун намояндаи соҳаи маориф, бар он назарам, ки истиқлол бе рушди илму дониш ва тарбияи насли соҳибмаърифат маънои комил пайдо намекунад. Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои илм, маърифат ва тарбияи кадрҳои ҷавон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муҳим доранд. Вазифаи мо, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз он иборат аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем.
Истиқлол барои мо танҳо як санаи тақвимӣ нест. Он масъулияти бузург дар назди наслҳои имрӯз ва фардои миллат аст. Ҳар яки мо бояд бо меҳнати созанда, донишу маърифат ва фаъолияти масъулона дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорем.
Бо истифода аз ин фурсати муборак, ҳамаи устодону кормандони донишгоҳ, донишҷӯён ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Орзу менамоям, ки Тоҷикистони азиз ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва созандагӣ рушд намояд ва парчами истиқлолу давлатдории тоҷикон ҷовидона парафшон бошад.
Хурсанд Ҳамдамзода,
муовини ректори донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд 11:45ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 15:255 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ 12:51Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:46Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:41Умеди аввалу охир 12:38ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД 11:14НАТИҶАИ ЗАҲМАТ ВА ТАЛОШ 15:23
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



