Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, барои ҳазорон нафар имкони бознигарии зиндагӣ ва оғози роҳи навро фароҳам овард. Татбиқи ин санади башардӯстона на танҳо сарнавишти садҳо маҳкумшударо тағйир дод, балки ба хонаводаҳои онҳо низ шодиву умеди тоза бахшид.
Дар доираи амалисозии ин қонун аз Муассисаи ислоҳии №3/6-и ноҳияи Ёвон 1147 нафар ба озодӣ баромада, ба назди пайвандону наздикони худ баргаштанд. Рӯзи озодӣ барои онҳо ва аҳли оилаашон ба рӯзи фаромӯшнашавандаи дидор, ашки шодӣ ва орзуҳои нав табдил ёфт.
Назди муассиса фазои хос ҳукмфармо буд. Падару модарон, ҳамсарон, фарзандон ва дигар наздикон бо дастаҳои гул ва чашмони пур аз умед мунтазири дидори азизони худ буданд. Лаҳзаҳои вохӯрӣ пур аз эҳсосот буда, ҳар кас шодии худро ба тарзи хос изҳор мекард.
Яке аз афроди ба озодӣ баромада, Аловатшои Шамс, ин рӯйдодро оғози зиндагии нав арзёбӣ намуда гуфт, ки аз иқдоми навбатии башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона изҳори сипос менамоям. Ин авф барои мо имкони ислоҳи хатогиҳои гузашта, оғози зиндагии нав ва бозгашт ба оғӯши гарми оила ва ҷомеаро фароҳам овард. Мо кӯшиш мекунем минбаъд бо меҳнати ҳалол ва эҳтиром ба қонун зиндагӣ намоем.
Дар байни издиҳом модароне низ буданд, ки солҳои зиёд рӯзи озодии фарзандони худро интизорӣ мекашиданд. Яке аз онҳо Руқия Собирова буд. Ӯ бо ашки шодӣ эҳсосоти худро чунин баён кард: «Имрӯз барои мо рӯзи бузурги хурсандист. Солҳо интизори чунин лаҳза будем. Аз роҳбарияти давлат барои ин иқдоми инсонпарварона миннатдорам. Орзу дорам, ки дар кишвари мо ҳамеша сулҳу оромӣ ҳукмфармо бошад ва ҳар як оила хушбахт зиндагӣ кунад».
Дар чеҳраи озодшудагон пушаймонӣ аз гузашта ва ҳамзамон умед ба фардои нек эҳсос мешуд. Фарух Қосимов, ки низ аз авф баҳра бардошт, гуфт: “Имрӯз яке аз рӯзҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёти мост. Бо шарофати сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи роҳбарияти давлат мо имкони дубора ба ҷомеа баргаштанро пайдо кардем. Ин боварӣ ва эътимод моро водор месозад, ки зиндагии худро ба роҳи дуруст равона кунем».
Ҳар қадаме, ки озодшудагон ба сӯи дарвозаи муассиса мегузоштанд, аз ҷониби наздикону пайвандон истиқбол мегардид. Баҳодур Қурбонзода, яке аз авфшудагон, чунин иброз дошт: «Хурсандии мо ҳадду канор надорад. Авф ба мо бори дигар нишон дод, ки давлат ба ислоҳи инсон ва бозгашти ӯ ба ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Мо ин бовариро қадр намуда, минбаъд кӯшиш мекунем шаҳрвандони шоистаи ҷомеа бошем».
Дар миёни интизорони назди дарвозаи муассиса модари дигаре низ бо чашмони пур аз ашки шодӣ фарзандашро пешвоз мегирифт. Ӯ гуфт, ки
имрӯз орзуи деринааш ҷомаи амал пӯшид. Бозгашти фарзанд ба хона барои ҳар модар хушбахтии бузург аст. Аз чунин ғамхорӣ ва дастгирӣ самимона сипосгузорӣ намуд.
Барои ин афрод саҳифаи нави зиндагӣ оғоз меёбад. Саҳифае, ки бояд бо меҳнати ҳалол, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва садоқат ба Ватан навишта шавад. Маҳз ҳамин аст ҳадафи аслии авф – фароҳам овардани имкони бозгашт ба зиндагии шоиста ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа.
М. Акрамов,
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?




