Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
02 июл 14:39АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
Дар ноҳияи Ёвон, имрӯзҳо, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру бозсозии роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия бо маром идома дошта, ин ободкориҳо натиҷаи ҳамкориҳои судманди мақомоти маҳаллӣ бо бахши хусусӣ арзёбӣ мешаванд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба “Сафо” иттилоъ доданд, дар натиҷаи ҳамин гуна иқдомҳои созанда, бо ибтикори соҳибкори маҳалллӣ Акбар Асадулло дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ба корҳои бунёдӣ ва навсозии роҳи автомобилгарди масири Ёвон – Ваҳдат – Норак оғоз бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи чунин иқдомҳои роҳсозӣ, дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва густариши ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар маросими оғози корҳои бозсозӣ раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иштирок намуда, саҳми арзандаи соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадуллоро намунаи равшани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ арзёбӣ кард ва аз ташаббуси ӯ барои дастгирии рушди ноҳия изҳори сипос намуд.

Зикр гардид, ки бо анҷом ёфтани ин лоиҳа, ҳаракати нақлиёт дар масири Ёвон – Ваҳдат – Норак беҳтар гардида, сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ ва робитаҳои байнишаҳриву байниноҳиявӣ боз ҳам хубтар хоҳад шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?




