Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
Дар доираи истиқболи шоиста аз ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, дар шари Норак 194 иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ бунёд шудааст.
Дар ин хусус Шамшод Ҳамидов, сардори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Норак ба “Сафо” иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки дар доираи ин ҷашни пурифтихор, бунёди 180 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки ҳамаи онҳо дар муҳлати муайянгардида сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Бо дастури раиси вилояти Хатлон ба нақша тағйирот ворид карда шуда, 17 иншооти дигар илова карда шуд.

Зикр гардид, аз 17 иншооти иловагардида, феълан 14 адади онҳо бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, то моҳи сентябри соли равон бунёд хоҳанд шуд.

-Аз ҷамъи умумии иншооти дар нақшабуда, 20 адади онҳо коргоҳу корхонаҳои саноатӣ буда, то инҷониб 18 адади онҳо сохта шудаанд. Бо бунёд гардидани ин ҳама корхонаҳои нави саноатӣ, садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд, - гуфт Ш. Ҳамидов.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд 11:45ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 15:255 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ 12:51Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:46Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:41Умеди аввалу охир 12:38ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД 11:14НАТИҶАИ ЗАҲМАТ ВА ТАЛОШ 15:23
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?






