Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА
27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз ва тақдирофарини миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид ва барои халқи тоҷик давраи нави рушду созандагӣ оғоз ёфт. Аз ҳамон рӯз то инҷониб Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатӣ таҷлил гардида, рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва пирӯзии хиради сиёсӣ бар низоъ ва тафриқа ба шумор меравад.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид. Бо вуҷуди ин, солҳои аввали Истиқлол барои кишвари мо басо вазнин ва пур аз мушкилот буданд. Бар асари ихтилофҳои сиёсӣ ва гурӯҳӣ ҷомеа ба буҳрони амиқ гирифтор гардида, кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанги таҳмилӣ ба иқтисоди миллӣ, сохтори давлатдорӣ ва зиндагии мардум хисороти ҷуброннопазир ворид намуда, ҳазорон нафарро қурбон ва садҳо ҳазор касро овораву муҳоҷир гардонд.
Дар он рӯзҳои сахту пурфоҷиа тақдири давлат ва миллат зери хатар қарор гирифта буд. Бисёриҳо аз ояндаи кишвар нигарон буданд. Маҳз дар ҳамин шароити ҳассос фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди сиёсат шуда, бо эҳсоси баланди масъулият зимоми роҳбарии давлатро ба даст гирифтанд. Суханони таърихии «Ман ба шумо сулҳ меорам» барои мардуми аз ҷанг хасташуда муждаи умед ва оғози роҳи наҷоти давлату миллат гардид.
Бо талошҳои пайгирона, иродаи қавии сиёсӣ ва муҳаббати беандоза ба Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд неруҳои мухталифи сиёсиро ба музокирот ҷалб намуда, барои барқарор намудани сулҳу субот замина фароҳам оваранд. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин рӯйдоди таърихӣ ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, роҳи рушди устувор ва созандаи кишварро боз намуд.
Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ин арзиши муқаддас танҳо натиҷаи як созишномаи сиёсӣ нест, балки маҳсули хиради азалии миллати тоҷик, фарҳанги таҳаммулгароӣ ва анъанаҳои сулҳпарваронаи ниёгони мост. Таърихи давлатдории тоҷикон собит намудааст, ки дар давраҳои гуногун ҳар гоҳ ваҳдату ягонагӣ ҳукмрон буд, миллат ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил мегардид.
Агар ба таърихи халқамон назар афканем, мебинем, ки давраҳои шукуфоии давлатдории тоҷикон маҳз дар заминаи ваҳдат ва сарҷамъӣ ба вуҷуд омадаанд. Давлати Сосониён то замоне тавонист мавқеи худро нигоҳ дорад, ки ягонагӣ ва ҳамбастагӣ асоси сиёсати онро ташкил медод. Ҳамин тавр, давлати Сомониён низ маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ваҳдатофарини асосгузораш Исмоили Сомонӣ ба яке аз марказҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Дар замони Сомониён илму фарҳанг, адабиёт, меъморӣ, ҳунармандӣ ва давлатдорӣ ба авҷи камол расид. Нобиғаҳои ҷаҳонӣ чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва даҳҳо донишмандону адибони дигар маҳз дар фазои орому муттаҳид фаъолияти пурсамар анҷом дода, дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузоштанд. Ин ҳама дастовардҳо бозгӯи онанд, ки ваҳдат ва субот муҳимтарин шарти пешрафти ҷомеа мебошанд.
Имрӯз низ ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ ва рушди Тоҷикистон хизмат мекунад. Бо шарофати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ кишвари мо дар ҳамаи самтҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Садҳо иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар мегардад. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад». Воқеан ҳам, сулҳу ваҳдат заминаи асосии таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзии кишвар, рушди иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Имрӯз ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Мо бояд ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ба наслҳои оянда мерос гузорем. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва манфиатҷӯ барои халалдор сохтани суботу оромии кишварҳои гуногун кӯшиш менамоянд, ҳушёрии сиёсӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст. Омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон шаҳодати обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар атрофи арзишҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муттаҳид бошем. Танҳо дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигар метавон ҷомеаи пешрафта, давлати ҳуқуқбунёд ва зиндагии шоистаро бунёд намуд.
Дар фарҷом тамоми ҳамватанонро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ сулҳу оромӣ, саодату хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям. Бигзор сулҳу ваҳдат ҳамеша поянда ва чароғи зиндагии миллати тоҷик ҷовидона фурӯзон бошад.
Раҳимзода Ҳусейн Ҳошим,
муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мушовири адлияи дараҷаи 3
Добавить комментарий
Ахбор
АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” 26.06.2026 12:15
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



