Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“АНЪАНАҲОРО ҲИФЗУ ОЯНДАРО БУНЁД МЕКУНЕМ”
Либоси миллӣ, мусиқӣ, расму ойин ва ҳунарҳои мардумӣ метавонанд дар бораи як миллат бештар аз ҳазор калима нақл кунанд. Новобаста аз он ки мо бо кадом забон ҳарф мезанем, фарҳанг ҳамеша василаи муоширати байни мардумон боқӣ мемонад. Маҳз ҳамин хусусият фарҳангро ба забони умумиҷаҳонӣ табдил додааст.
Фарҳанг яке аз пуриқтидортарин воситаҳои муаррифии миллатҳо ба шумор меравад. Новобаста аз фарқияти забон, расму ойин, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ метавонанд мардумони кишварҳои гуногунро ба ҳам наздик созанд. Бо ҳамин ҳадаф дар шаҳри Бохтар Фестивали байналмилалии «Анъанаҳоро ҳифз, ояндаро бунёд мекунем» баргузор гардид, ки намояндагони кишварҳои гуногунро дар фазои дӯстӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангӣ гирди ҳам овард.
ФЕСТИВАЛ – МИНБАРИ МУАРРИФИИ ФАРҲАНГҲО
Соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Мактаби русӣ – тоҷикии ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Бохтар, Фестивали байналмилалии “Анъанаҳоро ҳифзу ояндаро бунёд мекунем” баргузор мегардад.
Тибқи иттилои ташкилкунандагон, имсол дар фестивал 700 хонанда ва омӯзгорони соҳибҳунар аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Бошқирдистону Тайланд дар доираи 5 номинатсия ширкат варзиданд.
Ба гуфтаи Наргиза Хадирова, мушовири директор оид ба корҳои тарбиявӣ, ҳадафи асосии роҳандозӣ гаштани чунин фестивал, муаррифии урфу одат, фарҳанг ва тамаддуни халқиятҳои гуногун мебошад.
– Мо барои хонандагону омӯзгорони худ ва дигар кишварҳо минбаре фароҳам овардаем, ки тавассути он метавонанд анъана ва фарҳанги миллии худро муаррифӣ намоянд, – мегӯяд ӯ. – Ҷолиб он аст, ки баъзе хонандагони русзабон бо либоси миллии тоҷикӣ баромад намуда, фарҳангу тамаддуни тоҷикро муаррифӣ карданд. Ин худ нишонаи эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангҳо ва ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳост.
Ба таъкиди масъулин, санъати халқӣ танҳо аз суруду рақс ё ҳунарҳои дастӣ иборат нест. Он таърих, ҷаҳонбинӣ, урфу одат ва арзишҳоеро дар худ таҷассум мекунад, ки наслҳои имрӯзаро ба гузашта мепайванданд. Аз ин рӯ, фестивали мазкурро роҳандозӣ намудаанд то ҳунари аҷдодони худро зинда нигоҳ доранду урфу одат ва дар маҷмуъ эҷодиёти халқро миёни насли наврас маъмулу машҳур созанд.
Иштирок дар фестивал озод аст. Ҳар довталаб новобаста аз он ки дар кадом кишвар ё муассисаи таълимӣ таҳсил мекунад, метавонад тавассути ин минбар ҳувият ва мероси фарҳангии худро ба дигарон нишон диҳад.
ФАРҲАНГ, ПУЛИ ПАЙВАНДИ МИЛЛАТҲО
– Мактабе, ки на танҳо ташаббус нишон дод, балки ба минбари воқеии муаррифии фарҳангҳо табдил ёфт, муассисаи таълимии мо мебошад, – мегӯяд Ласитса Евгений Александрович, директори Мактаби русӣ – тоҷикии ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Бохтар. – Мо хело хушҳолем, ки дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ва ваҳдати миллӣ, тавонистем фестивалеро роҳандозӣ кунем, ки тарғибгари урфу одат ва анъанаҳои халқиятҳои гуногун бошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли аввал танҳо хонандагон ва омӯзгорони Тоҷикистон, Русия ва Беларус иштирок доштанд, аммо имсол доираи иштирокчиён васеъ шуда, намояндагони чанд кишвари дигар низ ба таври онлайн ба ин чорабинӣ пайвастанд.
– Фестивал ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф миёни кишварҳо мусоидат мекунад. – Тавассути чунин чорабиниҳо мо пули дӯстӣ байни кӯдакон ва омӯзгорон бунёд мекунем ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо замина фароҳам меорем, -илова кард ӯ.
Ба боварии ӯ, шумораи иштирокчиёни фестивал сол ба сол меафзояд ва чунин чорабиниҳо дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории насли наврасро боз ҳам таҳким мебахшанд.
ФАРҲАНГ – МАЙДОНИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ
Ин фестивал ба яке аз беҳтарин имкониятҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, санъати халқӣ ва табодули таҷрибаи намояндагони миллатҳои гуногун табдил ёфтааст. Дар доираи он хонандагону омӯзгороне, ки дар соҳаҳои бофандагӣ, тарроҳӣ, овозхонӣ ва навозандагӣ фаъоланд, имконият пайдо мекунанд, то маҳорати худро нишон дода, аз таҷрибаи дигар иштирокчиён баҳра баранд ва анъанаҳои миллии худро боз ҳам ғанӣ гардонанд.
Горбачева Елена Кирилловна, ҷонишини директори Мактаби русӣ-тоҷикии ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Бохтар, бар он назараст, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамдигаршиносии наслҳои ҷавон аҳамияти хос доранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон анъанаҳои неке шакл гирифтаанд, ки омӯзгорон, хонандагон ва волидонро, новобаста аз мансубияти миллӣ, ба ҳам муттаҳид месозанд. – Чунин чорабиниҳо ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳои кишварҳоямон мусоидат менамоянд, – гуфт ӯ.
Елена Кирилловна, дар идома таъкид намуд, ки ҳифз ва посдории анъанаҳои байни миллатҳо яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия мебошад. – Мо бо ҳам ҳастем – чунин буд, ҳаст ва хоҳад монд, – мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз саҳнаи фестивал ба майдони вохӯрии кӯдакони боистеъдод ва эҷодкор табдил ёфтааст, ки ҳар кадоме фарҳанг, либоси миллӣ ва анъанаҳои халқи худро муаррифӣ мекунанд. Ин раванд на танҳо ба табодули фарҳангӣ, балки ба шиносоии амиқтари мардумони кишварҳои гуногун мусоидат мекунад.
ХОТИМА. Фестивали байналмилалии «Анъанаҳоро ҳифзу ояндаро бунёд мекунем» нишон медиҳад, ки фарҳанг воқеан забони умумиҷаҳонист. Онро бе тарҷумон фаҳмида мешавад, миллатҳоро ба ҳам мепайвандад ва ба наслҳои нав имкони шинохти ҳамдигарро медиҳад.
Н. ИСО, “САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” 26.06.2026 12:15Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» 12:11ШАРАФ БА ПЕШВО 12:07“АНЪАНАҲОРО ҲИФЗУ ОЯНДАРО БУНЁД МЕКУНЕМ” 11:59ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ 11:48ВАҲДАТ – ЗАМИНАИ СУБОТИ МИЛЛӢ 13:46
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»




