Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАҲДАТ – ЗАМИНАИ СУБОТИ МИЛЛӢ
Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон на танҳо як рӯйдоди муҳими таърихӣ, балки пояи асосии давлатдории муосир, суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад. Маҳз дар фазои сулҳу оромӣ волоияти қонун таъмин гардида, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шароити мусоид фароҳам омадааст. Дар арафаи ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ оид ба аҳамияти ин дастоварди бузург, нақши он дар таҳкими давлатдорӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдат бо судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Раҳмонзода Баҳром Исмоилхон мусоҳибае анҷом додем.
– Раҳмонзода Баҳром, ваҳдати миллӣ барои шумо чӣ аҳамият дорад ва онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллат аст. Ин арзиши муқаддас барои ташаккули ҷомеаи орому пешрафта ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Имрӯз ҳар як дастоварде, ки Тоҷикистон ба он ноил шудааст, ба фазои сулҳу ваҳдат иртиботи мустақим дорад.
– Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мегуфтед?
– Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ сарнавиштсоз ва беназир арзёбӣ мегардад. Маҳз бо иродаи қавӣ, талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат тавонистанд, ки пояҳои сулҳу суботи комил дар кишвар гузошта шаванд. Ин сиёсати созанда на танҳо ба хотима бахшидани низоъҳои дохилӣ мусоидат намуд, балки заминаи устувори ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди минбаъдаи давлатдориро фароҳам овард.
– Чаро ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мешавад?
– Зеро маҳз ваҳдати миллӣ Тоҷикистонро аз буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ раҳо намуда, роҳи рушди устуворро боз кард. Ваҳдат барои барқарор гардидани фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, таҳкими қонуният ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид муҳайё сохт.
– Ба андешаи шумо, муҳимтарин дастоварди ваҳдати миллӣ кадом аст?
– Муҳимтарин дастовард барқарор шудани сулҳу субот ва эътимоди мардум ба давлат мебошад. Вақте ҷомеа муттаҳид аст, шаҳрвандон ба фардои худ бовар мекунанд ва барои пешрафти Ватан саҳм мегузоранд.
– Ваҳдати миллӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар чӣ таъсир расонидааст?
– Дар шароити сулҳу оромӣ садҳо иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд гардида, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуд. Пешрафтҳои назарраси кишвар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, маориф, тандурустӣ ва ғайра маҳз дар фазои суботи сиёсӣ ба даст омадаанд.
– Ваҳдати миллӣ барои рушди минтақаҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум чӣ имкониятҳо фароҳам овард?
– Ваҳдат ба рушди мутавозини минтақаҳо мусоидат намуд. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, шароити зиндагии мардум назар ба солҳои пеш хеле беҳтар гардидааст.
– Кадом сабақҳои таърихӣ моро ба қадршиносии сулҳу ваҳдат водор месозанд?
– Воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нишон доданд, ки аз даст додани сулҳу субот чӣ оқибатҳои сангин дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи ваҳдат ва таҳкими якпорчагии ҷомеа саҳмгузор бошад.
– Сабақи асосии сулҳу ваҳдат барои насли имрӯз аз чӣ иборат аст?
– Сабақи асосӣ ин аст, ки манфиатҳои миллӣ бояд аз ҳама гуна манфиатҳои гурӯҳӣ ё шахсӣ болотар гузошта шаванд. Танҳо дар сурати муттаҳидӣ метавон ба ҳадафҳои бузурги давлатӣ расид.
– Имрӯз ҷавонон дар таҳкими ваҳдати миллӣ чӣ нақш доранд?
– Ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи шаҳрвандии онҳо ояндаи кишвар вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳомии арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ бошанд.
– Ба андешаи шумо, оё ҷавонон арзиши сулҳу ваҳдатро ба қадри кофӣ дарк мекунанд?
– Бале, аксари ҷавонони мо аҳамияти сулҳу суботро хуб дарк менамоянд. Бо вуҷуди ин, корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ бояд пайваста тақвият дода шаванд, то насли наврас сабақҳои таърихро фаромӯш насозад.
– Чӣ гуна метавон ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар байни ҷавонон тақвият дод?
– Тавассути тарбияи дуруст дар оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа. Шиносоии ҷавонон бо таърихи миллат, дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои давлатдорӣ дар ин самт нақши муҳим дорад.
– Барои ҳифзи арзишҳои ваҳдат ҳар як шаҳрванд чӣ масъулият дорад?
– Пеш аз ҳама, эҳтироми қонун, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон. Ҳифзи ваҳдат танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
– Имрӯз кадом хатарҳо метавонанд ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии ҷомеа таъсир расонанд?
– Ифротгароӣ, таассуб, паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва фарҳанги бегонаи зидди арзиши миллӣ метавонанд ба ваҳдати ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Мубориза бо чунин зуҳурот вазифаи муштараки ҷомеа мебошад.
– Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуна метавон ваҳдати ҷомеаро боз ҳам таҳким бахшид?
– Бо баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва истифодаи оқилонаи фазои иттилоотӣ. Ҷавонон бояд тавонанд иттилооти дурустро аз маълумоти бардурӯғ фарқ намоянд.
– Кадом омилҳо ба пойдорӣ ва таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд?
– Волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ, таълиму тарбияи босифат ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа аз ҷумлаи омилҳои муҳим мебошанд.
– Оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдат чӣ саҳм гузошта метавонанд?
– Ин ниҳодҳо пояи асосии ташаккули шахсият мебошанд. Ҳамкории муассири онҳо барои тарбияи ҷавонони ватандӯст, бомаърифат ва масъулиятшинос аҳамияти калон дорад.
– Чӣ гуна метавон фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигарро дар ҷомеа густариш дод?
– Тавассути маданияти муошират, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва риояи арзишҳои ахлоқии миллӣ. Ҷомеаи мутамаддин бар пояи эҳтироми ҳамдигар бунёд мегардад.
– Ба назари шумо, барои ҳифзи сулҳу ваҳдат имрӯз кадом вазифаҳо афзалиятнок мебошанд?
– Тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва таҳкими волоияти қонун аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи имрӯз мебошанд. Ҳар қадар мо ба ин арзишҳо содиқ бошем, ҳамон қадар сулҳу ваҳдати миллӣ устувор боқӣ хоҳад монд.
– Барои насли ҷавон чӣ паём ё тавсия доред, то арзишҳои сулҳу ваҳдатро ҳифз намоянд?
– Ҷавонон бояд дониш омӯзанд, ба Ватан содиқ бошанд ва манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузоранд. Ояндаи Тоҷикистон маҳз ба донишу ҷаҳонбинӣ ва масъулияти онҳо вобаста аст.
– Ташаккур барои суҳбат.
– Сипос ба аҳли эҷоди маҷаллаи “Сафо”. Ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу оромӣ, ваҳдати пойдор, рӯзгори обод ва комёбиҳои нав орзу менамоям.
Суҳбаторо М. Акрамов,
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
ВАҲДАТ – ЗАМИНАИ СУБОТИ МИЛЛӢ 13:46Ҳаёт аз ваҳдат аст 13:41ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ 12:07КӮШОНИЁН. 10 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 12:02ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН 11:57ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:52МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲРИ БОХТАР ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ МЕШАВАД 11:48БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ҶОМЕАИ ҚОНУНМЕҲВАР – КАФИЛИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК



