Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ
(Ба пешвози Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Рӯзе, ки аз он пушти сангарҳо
бар хоки Меҳан санг меборид,
Бар сафҳаи испеди хотирҳо
ҳар лаҳза ҳарфи «ҷанг» меборид.
Фасли хазони кишвари худро
бо чашми сарди яъс медидам,
Хуршед аз мардум гурезон буд,
сели бало якранг меборид.
Боде ба сӯйи осмон мебурд
доду фиғони меҳрубониро,
Марг аз бағал берун намеомад
афтодарӯҳи зиндагониро.
Қисматнависони дигар буданд
тиру камон лавҳу қалам карда,
Чинед аз лабҳои худ мардум
ҳарфи «қазои осмонӣ»-ро.
Модарситезони «ватанпарвар»,
беҳудагӯёни сари минбар,
Диндори бедин, хоҷаи чокар,
дар каф китобу дар бағал ханҷар.
Афсонапардозони афсункор,
мардумфиребони сари бозор.
Бузинагони шӯхи беозор?
Не, гургҳои масти мардумдар!
Бо доду бо фарёди «озодӣ»
бастанд роҳи меҳрубониро,
Дар чашми мо рӯзи сияҳ карданд
садранг дунёи ҷавониро.
Бо фитнаи «Во дину во миллат»
давлат ҳама зеру забар гардид.
Пажмурдаву берангу бӯ дидем
зебо арӯси зиндагониро.
Мардум дили афтодаи худро
бо сад алам аз пушти худ мебурд,
Сад орзу аз ҷӯши навмедӣ
дар ҳар қадам афтодаву мемурд.
Дарди дилу дарди шикам бо ҳам
бар ҷисму ҷони халқ ҳоким буд,
Ҳатто фалак бар ҳоли ин мардум
хун мегиристу ғуссаҳо мехӯрд.
Ногаҳ зи ҷӯши тӯдаи мардум
марде саропо нур берун шуд.
Данкои нав, дил дар кафи дастон
бо сад ҳазорон шӯр берун шуд.
Мардум зи пушти ӯ камар бастанд,
ӯ пеш-пеши тӯдаи мардум,
Гӯё Сиёвуш аз дили оташ
озодаву мансур берун шуд.
Имрӯз ҳар як рӯзи нав дорад
як мевае аз нахли Истиқлол,
Пар мезанад дар осмони мо
Симурғи хушболу пари иқбол.
Гул мекунад сад орзу дар дил,
хуршед сӯйи мост дар ханда,
Хуршедро бинед, эй мардум,
хуршедро гиред истиқбол!
Сафармад Ахмадов
Добавить комментарий
Ахбор
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд 11:45ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 15:255 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ 12:51Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:46Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:41Умеди аввалу охир 12:38ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД 11:14НАТИҶАИ ЗАҲМАТ ВА ТАЛОШ 15:23
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ



