Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
23 июн 12:02АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
КӮШОНИЁН. 10 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
Дар давоми моҳҳои сипаригардидаи соли ҷорӣ, ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ, дар ноҳияи Кӯшониён 10 километр роҳ мумфарш гардида, барои рафтуомади бемамонияти воситаҳои нақлиёт заминаи хубе фароҳам овардааст.
Дар ин хусус, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён Рауф Самадзода ба "Сафо" иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки маблағи умумии роҳҳои мумфаршгардида зиёда аз 7 миллион сомониро дар бар гирифта, барои мумфаршкунии онҳо аз маҳсулоти хушсифат истифода карда шудааст.
Зикр гардид, ки ин иқдом минбаъд низ идома ёфта, масъулин азм доранд то охири сол боз 20 километр роҳи дигарро мумфарш намоянд.
Дар баробари мумфаршнамоии роҳҳо, ҳамзамон, беш аз 50 километр роҳи дигар таъмири ҷорӣ гардида, дар ин иқдоми созанда саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас мебошад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд 11:45ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 15:255 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ 12:51Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:46Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:41Умеди аввалу охир 12:38ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД 11:14НАТИҶАИ ЗАҲМАТ ВА ТАЛОШ 15:23
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ




