Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин сана на танҳо анҷоми як марҳалаи пурфоҷиаи низоъҳои дохилиро таҷассум мекунад, балки оғози давраи нави давлатсозӣ, сулҳу субот ва бунёдкориро низ ифода менамояд. Бо гузашти солҳо аҳаммияти ин дастоварди бузурги миллӣ боз ҳам бештар эҳсос гардида, арзиши сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ барои ҷомеа равшантар мегардад.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, барои халқи тоҷик сароғози саҳифаи нави таърих гардид. Ин санади тақдирсоз ба ҳаводиси пурошӯбу пуртазоди ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, заминаи мусоидро барои эҳёи давлатдорӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам овард.
Имрӯз, вақте ки аз он рӯйдодҳои сарнавиштсоз қариб се даҳсола сипарӣ шудааст, аҳаммияти ваҳдат ҳамчун арзиши бунёдии ҷомеа бештар эҳсос мегардад. Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки маҳз иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ метавонад давлатро аз хатарҳои парокандагӣ ва буҳронҳои сиёсӣ наҷот диҳад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти асосии пешрафти устувор мебошад.
Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон ба яке аз давраҳои ҳассоси таърихи худ рӯ ба рӯ гардид. Низоъҳои дохилӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар таъсири амиқ расонда, боиси талафоти бузурги инсонӣ ва иқтисодӣ шуданд. Дар чунин шароити мураккаб зарурати барқарор намудани сулҳ ва таъмини суботи сиёсӣ ба масъалаи ҳаётан муҳим табдил ёфт. Дар ин раванд нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ басо муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз ҳамин иҷлосияи таърихӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими давлатдорӣ замина гузошт. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат оғози марҳалаи нави талошҳо барои сулҳу оштӣ гардид. Аз рӯзҳои нахустин ҳадафи асосии Роҳбари давлат барқарор кардани оромӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа буд.
Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, музокироти сулҳ идома ёфт ва дар натиҷаи иродаи қавии сиёсӣ, хиради миллӣ ва дастгирии мардум созишномаи сулҳ ба имзо расид. Ин рӯйдод на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт, балки эътимоди мардумро ба ояндаи давлат барқарор намуд.
Марҳалаи баъди сулҳ барои Тоҷикистон давраи эҳё ва созандагӣ гардид. Баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, барқарорсозии инфрасохтори харобшуда, эҳёи иқтисоди миллӣ ва таҳкими фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа буданд. Дар як муддати нисбатан кӯтоҳ кишвар тавонист аз оқибатҳои сангини ҷанг раҳо ёфта, ба роҳи рушди устувор ворид гардад.
Имрӯз натиҷаҳои ҳамин сиёсати созанда дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба назар мерасанд. Пешрафт дар бахшҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ маҳз дар фазои сулҳу субот имконпазир гардид. Сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо ва дигар иншооти муҳими стратегӣ Тоҷикистонро ба марҳалаи нави рушд ворид сохт.
Дар баробари ин, Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ низ таҳким бахшид. Имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф шудааст. Пешниҳодҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ меёбанд ва обрӯи давлатро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебаранд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст”.Ин андеша аҳаммияти ваҳдатро ҳамчун шарти бақои миллат ва рушди давлат ба таври равшан ифода менамояд.
Дар шароити муосир ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеа боқӣ мемонад. Равандҳои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ ва густариши муборизаҳои иттилоотӣ тақозо менамоянд, ки ҳар як шаҳрванд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳиссаи худро гузорад. Дар ин замина, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аҳаммияти махсус касб мекунад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки сулҳу оромии имрӯза натиҷаи мубориза ва заҳматҳои бузурги наслҳои пешин мебошад ва ҳифзи он масъулияти ҳар як фарди ҷомеа аст.
Ваҳдати миллӣ имрӯз ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ва дастоварди муҳими давлатдорӣ арзёбӣ мешавад. Маҳз ҳамин арзиши бузург Тоҷикистонро ба роҳи пешрафт, созандагӣ ва рушди устувор раҳнамун сохт. Аз ин рӯ, пос доштани сулҳу ваҳдат, таҳкими ҳамбастагии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро ваҳдати миллӣ на танҳо хотираи як рӯйдоди таърихӣ, балки кафили суботу амният, пешрафти давлат ва зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзаву оянда аст.
Мирзохонзода Амриддин,
сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар
Суди иқтисодии вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД


