Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОХТМОН, САХОВАТ ВА СОЗАНДАГӢ
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо саҳми соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Темурмалик корҳои зиёди хубу назаррас амалӣ гашта истодаанд. Онҳо таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, саҳми арзандаи худро дар корҳои созандагӣ мегузоранд.
Ҳабибулло Сулаймонов аз зумраи чунин соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯст мебошад, ки бо амалҳои анҷомдодаи худ миёни хурду бузурги ноҳияи Темурмалик соҳибэҳтиром гаштааст. Номбурда мушкилоти чандинсолаи сокинони Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд ва ҷамоатҳои деҳоти Танобчӣ ва Гурдоваронро дар самти таъмини оби тозаи нӯшокӣ ҳал намуда, 30 ҳазор аҳолии ин ҷамоатҳоро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудааст.
Ба гуфтаи сокинони ин минтақа, солҳои зиёд бошандагони он аз норасоии об азият мекашиданд. Аз сабаби нарасидани об ҳатто имкони самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ фароҳам набуд. Феълан бо амалӣ гаштани ду лоиҳаи марбут ба таъмини оби нӯшокӣ мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро пайдо карда, шароити мардум боз ҳам беҳтар гаштааст.
Аз ҳисоби соҳибкор Ҳабибулло Сулаймонов ҷиҳати сариштакорона истифода кардани об дар ҳар як хона ҳисобкунакҳо насб гардида, маблағи аз ҳисоби оби истифодашуда ҷамъгашта дар дигар корҳои ободонӣ масраф карда мешавад. Таъмири иншооту таҷҳизот, пардохти неруи барқ ва дигар хароҷоти пойгоҳҳои обкашӣ аз ҷониби соҳибкор ба уҳда гирифта шудааст.
Тибқи нишондоди лоиҳавӣ, об аз дарёи Сурхоб гирифта шуда, дар ҳавзи дорои ғунҷоиши 7 ҳазор метри мукааб захира карда мешавад. Баъди тагшин гаштан, оби софшуда бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз чандин марҳилаи поксозӣ мегузарад. Пас аз поксозии пурра, он аввал ба 8 махзани оби дар нуқтаҳои гуногун сохташуда тақсим гардида, сипас ба хонаҳои сокинон интиқол дода мешавад.
Сокинони ин мавзеъ аз ин иқдоми ватандӯстонаи Ҳабибулло Сулаймонов басо хушнуд гардида, амали анҷомдодаи ӯро туҳфаи арзанда дар арафаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат арзёбӣ мекунанд.
Баъди таъмин гаштан бо оби тоза, сокинони ин деҳаҳо атрофи хонаҳои худ ва шафати роҳҳои мошингардро бо гулу гулбуттаҳо ва дарахтони ороишию мевадиҳанда зебу зиннат дода, кӯшиш мекунанд, ки ин гӯшаи сарзамини Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зебо намоянд.
Соҳибкори дигаре, ки бо иқдомҳои созандааш дар пешрафту гулгулшукуфоии маҳалли зисти худ саҳм мегузорад, Дилшод Ҷамилов мебошад. Бо саҳми ин соҳибкори ватандӯст роҳҳои байни чанде аз деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Танобчӣ бетонпӯш ва шағалпӯш гардида, барои таъмини бехатарӣ ва наздик шудани роҳ барои сокинон болои канали обгузар чандин кӯпрук сохта шудааст.
Дар баробари корҳои созандагӣ ва ободонӣ Дилшод Ҷамилов пайваста ашхоси ниёзмандро дастгирӣ намуда, ба онҳо кумак мерасонад. Муддати чанд сол аст, ки ба 15 оилаи ниёзманд ҳар моҳ ба маблағи 300 сомонӣ кумакпулӣ дода, ҳамчунин дар таъмини доруворӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор ба онҳо мусоидат мекунад.
Кори хайре, ки айни ҳол ӯ анҷом дода истодааст, бунёди манзили истиқоматӣ барои ду ҳамдеҳааш мебошад. Дилшод Ҷамилов манзили зисти ду оилаи ниёзманд – Отабек Кенҷаев ва Уғулой Мугуловаро пурра азнавсозӣ карда истодааст. Уғулой Мугулова, ки ду фарзанди маъюб дорад, мегӯяд, ки солҳои охир вазъи саломатии худи ӯ низ хуб нест. Ба гуфтаи ӯ навсозии хона он тараф истад, ҳатто таъмири хона барояшон ғайриимкон буд, зеро на маблағ доштанду на қувваи корӣ.
Айни замон корҳои сохтмонии манзили зисти Уғулой Мугулова ба анҷом расида, коргарон ба корҳои ороишӣ машғуланд.
– Рӯзҳои ба шумор мондааст, ки оилаи мо дар хонаи нав бурёкубонро баргузор намояд, – гуфт Уғулой Мугулова.
Дар хонаи Отабек Кенҷаев низ корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, чанд нафар сокинони маҳаллӣ ба сохтмони он ҷалб гардидаанд. Бо ин амали савоб, соҳибкор на танҳо манзили ӯро месозад, балки чанд нафар ҳамдеҳаашро низ бо ҷойи кор таъмин намудааст.
Тавре зимни суҳбат Отабек Кенҷаев иброз намуд, манзили зисти онҳо аз сабаби куҳнаву фарсуда гаштан дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
– Агар дастгирии ҳамин соҳибкор намешуд, дар яке аз рӯзҳои боронҳои шадид манзили зисти мо чаппа мегашт. Зеро чанд ҷойи деворҳои хона кафида буду аз боми он об мечакид. Ҳамарӯза дуо мекардам, ки ягон ҳодисаи нохуш рух надиҳад. Хушбахтона, ҳолати моро дида, Дилшод Ҷамилов дасти кумак дароз намуд. Ҳоло дар баробари сохтмончиён худи ман низ ба кор машғулам ва ифтихор менамоям, ки чунин ҳамдеҳаи саховатпешаи ватандӯст дорам, – мегӯяд О. Кенҷаев.
Ба таъкиди Дилшод Ҷамилов, обод кардани маҳал аз гӯшаи имон аст.
– Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ягон бегона омада Ватани моро обод намекунад. Бо ин ҳама шароите, ки фароҳам оварда шудааст, мо – соҳибкорон вазифадорем саҳми худро дар пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон гузорем. Ман мақсад гузоштаам, ки минбаъд низ корҳои хубу арзандаро амалӣ намуда, дар ободии деҳа, ноҳия ва Тоҷикистони биҳиштосо ҳиссагузор бошам, – гуфт Д. Ҷамилов.
С. СУЛТОНОВ, н. Темурмалик
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО 12:43ДӮСТӢ. ОБОДОНӢ БА МУСОБИҚАИ ҲАМАГОНӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ 12:37СОХТМОН, САХОВАТ ВА СОЗАНДАГӢ 12:34Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия 16:30ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД 15:02АЗ ХУТАН ТО КУВАЙТ 15:14Дастони пурэъҷоз 15:27Ҷавонтарин вакил 15:22
Серхонандаҳо
ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
ЁВОН. МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ГАРДИД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД




