Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОСИЁБИ ЯК МАРД, УМЕДИ ЧАНД ДЕҲА
Оби софу сард аз ҷӯйбор гузашта, санги осиёбро ба ҳаракат медарорад ва донаҳои гандумро ба орди сафеду хушбӯй табдил медиҳад. Дар паси ҳар даври ин санги гардон таҷрибаи як умр, заҳмати як мард ва ҳикмати ҳафтодсолаи зиндагӣ нуҳуфтааст. Марде, ки ба қадри обу нон, меҳнати ҳалол ва ризқи пок расидааст. Он мард Саидкабир Амиров, сокини деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг аст – нафаре, ки дар солҳои сахту сангини ҷанги шаҳрвандӣ роҳи наҷотро аз гуруснагии мардум пайдо кард.
«Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои аксари минтақаҳои кишвар, бахусус барои сокинони деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг давраи басо душвор буд. Нон камёфт, роҳҳо баста, пул ҳам чандон дар муомилот набуд. Ҳатто рафтан ба маркази ноҳия худ як мушкили азим ба шумор мерафт. Мардум маҷбур буданд ба ҳар роҳу восита даст зананд, то оилаи худро сер кунанд», – ба ёд меорад бобои Саидкабир.
Он солҳо Саидкабир Амиров, ки имрӯз 77-сола аст, ҷавони неруманду андешаманд буд. Бо чашмони худ медид, ки хонавода ва ҳамдеҳагонаш чӣ гуна рӯзҳои сангини гуруснагиро паси сар мекунанд.
«Нон надоштем. Орд харидан душвор буд. Ҳама рӯ ба замин овардем, гандум коштем. Ҳосил ҳам хуб шуд, вале намедонистем онро дар куҷо орд кунем. Вақте дидам, ки аз деҳа оби равону тезсуръат мегузарад, тасмим гирифтам осиёби обӣ бисозам», — мегӯяд ӯ.
Саидкабир бо фарзандонаш белу каланд ба даст гирифта, аз саргаҳи об ҷӯйбор кашид. Санги осиёбро аз деҳаи дури дигар пайдо карда овард. Бе сармоя, бе техника ва танҳо бо меҳнати дастӣ ва иродаи қавӣ осиёберо сохт, ки имрӯз ҳам, бо гузашти даҳсолаҳо, ба мардум хизмат мерасонад. Ин осиёб на танҳо хонаводаи Амировҳоро аз гуруснагӣ раҳо кард, балки ба садҳо сокини деҳаи Даҳани Шол умеди зиндагӣ бахшид.
«Бисёриҳо бовар надоштанд, ки осиёб сохта мешавад ва мардум ба орду нон мерасад. Дар деҳа то он вақт касе осиёб надошт. Ман аввалин шудам. Орди осиёби обӣ аз орди осиёбҳои барқӣ фарқ мекунад: калорияаш намесӯзад, нонаш мулоиму хуштамъ аст ва зуд хушк намешавад. Ҳатто барои баъзе бемориҳо тавсия медиҳанд», — нақл мекунад бобои Саидкабир.
Ӯ соҳиби панҷ фарзанд ва бист набераю абера аст, аммо пеш аз он ки ба мақоми мӯйсафеди соҳибэҳтиром расад, роҳи тулонии зиндагиро тай намудааст. Аз соли 1970 то 2013 – тақрибан 43 соли умраш дар сафар гузаштааст. Мошини маъруфи ГАЗ-51-и ӯ то ҳол дар хотираи мардум ҳамчун «мошини хизматӣ» боқӣ мондааст.
Саидкабир Амиров ба Туркманистону Ӯзбекистон, Қирғизистону Озарбойҷон, Русия ва ҳатто то наздикии марзи Олмон сафар кардааст. Ин сафарҳо на барои сайру сайёҳат, балки барои овардани қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва таъмини рӯзгори оила буданд.
«Як сафар то як моҳ давом мекард. Ронандагии шабонарӯзӣ, шабхобӣ дар роҳ, гармову сармо – ҳамаашро барои ояндаи фарзандонам тоқат мекардам», – мегӯяд мӯйсафед.
Бо вуҷуди сафарҳои зиёд, муҳаббати хонаводагӣ ҳамеша дар ҷойи аввал меистод. Яке аз хотираҳои ҷолиби зиндагии ӯ ҳамин аст:
«Дар сафар будам, ҳамсарам духтар таваллуд кард. Ном нагузоштанд, маро интизор шуданд. Гуфтам, чун дар роҳ будам, номашро Сафармоҳ мегузорем. Ҳамсарам ҳам розӣ шуд», – ба ёд меорад бобои Саидкабир.
Имрӯз Сафармоҳ яке аз фарзандони меҳрубони хонавода аст ва ин ном нишони зиндагии пурсафари падар мебошад. Ҳоло Саидкабир Амиров ба синни 77 расидааст, аммо осиёби бо дасти худ сохтааш ҳамоно фаъол аст. Ҳар рӯз сокинон аз деҳаҳои гуногун омада, ғаллаи худро барои орд кардан ба ӯ месупоранд.
Ӯ мардест, ки обро ба кор даровард, осиёб сохт, ҷавонмардиро дар сафарҳои чандинҳазоркилометрӣ собит кард, оиларо бо меҳнати ҳалол таъмин намуд ва имрӯз ҳам дар айёми пирӣ, ба мардум хизмат мерасонад. Хоначаи лойии аз қамишу чӯб сохтаи Саидкабир Амиров танҳо як бино нест, он рамзи сабр, устуворӣ ва худшиносист, ки то имрӯз дар хизмати мардум қарор дорад.
Амонҷон Муҳиддинов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ПАНДИ МОДАР
Гавҳари зиндагӣ
Як хиёбон дард
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ




