Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
Дар ноҳияи Ҷайҳун бо саҳми соҳибкорону сокинон ва шахсони ташаббускор сохтмони бинои хуштарҳу замонавии осорхонаи ноҳия оғоз гардида, бо маром идома дорад.
Дар ин хусус иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло 5 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, иншооти мазкур бо харҷи беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад ва мутобиқ ба талаботи меъёрии муосир ва бо назардошти нигоҳдории арзишҳои таърихию фарҳангӣ сохта мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди чунин муассисаҳои фарҳангӣ дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанги ғании ниёгон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.
-Бунёди осорхона ба ғанӣ гардидани ҳаёти фарҳангии сокинон, муаррифии таърихи парғановати минтақа ва ҷалби таваҷҷуҳи меҳмонон мусоидат намуда, ба рушди иҷтимоию фарҳангии ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад, - гуфт А. Азизулло.
Зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти болозикр беш аз 70 фоиз иҷро гардида, он дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



