Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЙҲУН. ПАРКИ ТЕХНОЛОГИЮ ЛОГИСТИКӢ БУНЁД МЕШАВАД
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати омодасозии маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ба хориҷи кишвар як парки технологию логистикӣ бунёд карда мешавад.
Дар ин хусус директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст.
Ба иттилои ӯ ин парки технологӣ дар масоҳати 3,5 гектар замин бунёд шуда, ҳадафи он афзоиши иқтидори содиротии минтақа ва коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад.
-Замини интихобшуда ба зеристгоҳи собиқи “Геран 1” “Шабакаҳои интиқоли барқ”-и ноҳияи тааллуқ дорад. Феълан масъалаи додани ин замин ба ихтиёри Корпаратсияи давлатии “Тоҷагропромэкспорт” рафта истодааст. Ҳамчунин Лоиҳаи мазкур аллакай таҳти баррасаии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, - гуфтааст Б. Сироҷиддинзода.
Ба гуфтаи Баҳриддин Сироҷиддинзода ҳадафи асосии бунёди ин маркази логистикӣ коркарди маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ буда, он барои пешгирӣ кардани талафот ва ба даст овардани арзиши иловашуда мусоид мебошад. Илова бар ин, лоиҳа ба самараноктар истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ ва баланд бардоштани қобилияти минтақа барои тавсеаи содирот мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ба “Сафо” иттилоъ дод, ки дар ҳақиқат масъалаи бунёди ин парки технологӣ дар ноҳияи Ҷайҳун баррасӣ шуда истодааст ва давоми соли равон корҳои сохтмонӣ бояд оғоз гарданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



