Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Бо ифтихору сарфарозӣ ҳамаи Шумо – ҳомиёни далеру шуҷои Ватанро ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди тақдирсоз маҳсуб меёбад. Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ, дар марҳалае таъсис ёфт, ки бақои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Маҳз ҷасорату фидокорӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ имкон дод, ки сохти конститутсионӣ барқарор гардида, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ таъмин карда шавад.
Имрӯз бо ифтихор метавонем изҳор намоем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як неруи муназзам, тавоно ва муосири мудофиавӣ табдил ёфта, дар тӯли 33 соли фаъолият рисолати муқаддаси худ – ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеаро содиқона иҷро намуда истодааст.
Дар ин рӯзи фархунда бо эҳтироми амиқ хотираи неки он сарбозону афсарони шуҷоеро, ки барои ҳифзи давлату миллат ҷони худро қурбон кардаанд, пос медорем. Қаҳрамониву ҷоннисориҳои онҳо саҳифаҳои пурифтихори таърихи навини Тоҷикистонро ташкил дода, барои наслҳои имрӯзу фардо намунаи олии ватандӯстӣ ва мардонагӣ боқӣ хоҳанд монд.
Бо талошҳои пайгиронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароити хизмат, таъминоти моддиву техникӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ сол то сол беҳтар гардида истодааст. Баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, муҷаҳҳазгардонии қисму воҳидҳои низомӣ бо техника ва таҷҳизоти муосир, бунёди шаҳракҳои ҳарбӣ ва беҳсозии шароити иҷтимоии афсарону сарбозон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар вилояти Хатлон низ ҷиҳати таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва беҳтар намудани шароити хизмат тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, заминаи моддиву техникӣ ва инфрасохтори ҷузъу томҳои низомӣ тадриҷан мутобиқ ба талаботи замон тақвият дода мешавад.
Имрӯз вазъи мураккаби сиёсиву ҳарбӣ дар минтақа ва ҷаҳон, афзоиши хатару таҳдидҳои муосир – аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ – аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ масъулият, ҳушёриву зиракӣ ва сатҳи баланди касбиро тақозо менамояд. Дар чунин шароит Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат омодаи ҳимояи ҳар ваҷаб хоки Ватан бошанд.
Пойдории Артиши миллӣ пеш аз ҳама ба интизоми қавӣ, риояи бечунучарои қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, тарбияи баланди маънавию ватандӯстӣ ва ҳисси масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад. Хизмат ба Ватан мактаби ҷавонмардӣ, садоқат ва камолоти шахсият аст. Ин мактаб ҷавононро ба руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлат тарбия менамояд.
Мо итминони комил дорем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва масъулияти фарзандӣ вазифаҳои пуршарафи худро дар назди давлат ва миллат ҷавонмардона иҷро менамоянд.
Бори дигар ҳамаи Шумо – хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони гиромиро ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, иродаи қавӣ, рӯҳи шикастнопазир, хушбахтӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон саодату неруи устувор орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



