Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШАҲРИТУС. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУДААСТ
Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳритус ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 2,1 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум 190,3 миллион сомонӣ зиёд ичро гардидааст ва афзоиш 110,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ин нуқтаро раиси ноҳияи Шаҳритус Абдуллозода Тағой зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Ба иттилои ӯ соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 14,1 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 1300,1 гектар ё 91,6 фоиз кам мебошад.
Зикр гардид, ки кишти зироати асосӣ пахта дар майдони 3,9 ҳазор гектар гузаронида шуда, ичрои дурнамо 77,5 фоиз таъмин гардидааст ва истеҳсолӣ он дар соли 2025 ба 11,4 ҳазор тонна расонида шуд. Ин нишондод нисбат ба соли 2024-ум 3712 тонна ё 148,1 фоиз зиёд мебошад.
Аз кишти анҷомдодашуда ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо 4913 гектар, зироатҳои техникӣ 4064 гектар, аз ҷумла пахта 3974 гектар, картошка 537 гектар, сабзавот 1682 гектар, полезӣ 806 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 2111 гектарро дар бар мегирад.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 49553 сар, аз ҷумла модагов 26342 сар, гӯсфанду буз 110 ҳазору 153 сар, парранда 136 ҳазору 279 сар ва асп ба 1138 сар расонида шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ 51 ҳазору 348 тонна, пахта 11433 тонна, картошка 10132 тонна, сабзавот 93753 тонна, полезӣ 63496 тонна, мева 15050 тонна, ангур 7966 тонна, гӯшт 13096 тонна, шир 17310 тонна, тухм 7 миллиону 556,8 ҳазор дона, пашм 225 тонна, пилла 9,6 тонна, асал 31,7 тонна ва моҳӣ 164 тоннаро ташкил додааст, ки ҳамаи нишондиҳандаҳо нисбат ба соли гузашта зиёд мебошанд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



