Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАҚШАИ АНДОЗ 103,1 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД
Соли 2025 иҷрои нақшаи умумии андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар сатҳи 103,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 3 миллиарду 152,8 миллион сомонии нақшавӣ, ба буҷет 3 миллиарду 249 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои давлатӣ ворид карда шудааст.
Ин нишондод нисбат ба нақша 96,2 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 503,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин хусус сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Ҷурабеки Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки аз ҷониби ҳамаи нозироти андоз дар сатҳи вилоят, нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба пуррагӣ таъмин гардида, дар натиҷа ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбати нақшаи пешбинигардида, 64,1 миллион сомонӣ бештар маблағ ворид гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби кормандони Раёсати андози вилояти Хатлон нисбати 6046 нафар андозсупорандагони қарздор 7043 адад қарорҳо дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 225,2 миллион сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 200,3 миллиону сомонӣ ворид карда шуд. Ин нишондод 88,9 фоизи маблағи умумии қарорҳои қабулгардидаро дар бар мегирад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ



