Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КӮШОНИЁН. 392 ИНШООТ БУНЁД ХОҲАД ШУД
Раиси ноҳияи Кӯшониён Холзода Маҳмадшариф дар нишасти матбуотии ахир аз натиҷагирии соли 2025 гузориш дод.
Тибқи иттилои ӯ, ҷиҳати пешбурди корҳои ободонию созандагӣ, таъмири 161 иншоот дар соли 2025 ва нақшаи бунёди 392 бино дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ хулоса шуд.
Зикр гардид, ки ҷамъоварии андозҳо дар соли 2025 ба 103,4 фоиз, ё 96,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 19,3 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Ҷамъоварии ҳамаи андозҳо бо дарназардошти андозҳои ғайрибуҷетӣ низ 103 дарсад иҷро шуд, ки ин нишондиҳандаҳо ба рушди иқтисодӣ ва таъмини маблағгузории буҷет саҳм гузоштааст.
Холзода Маҳмадшариф дар идома афзуд, ки қисми хароҷоти буҷет дар соли гузашта 96,1 фоиз иҷро гардида, ҳамаи музди меҳнат ва нафақаҳо пурра пардохт шуда, барномаҳои иҷтимоии ноҳия амалӣ карда шуданд. Вай инчунин гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ 15 ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор ва 1461 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст, ки дар натиҷа масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор мавриди таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа қарор гирифт.
Дар идома иттилоъ дода шуд, ки ду дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли хишти сабук ва газворҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки барои сокинони маҳаллӣ беш аз 20 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин, ба маблағи 485,2 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш 13,7 фоизро ташкил дод.
Раиси ноҳия инчунин изҳор дошт, ки бо дастгирии хидматрасонии молиявӣ, зиёда аз 7 миллион сомонӣ кӯмак ба оилаҳои ниёзманд расонида шудааст. Вай афзуд, ки мақсади асосӣ аз амалӣ кардани ин тадбирҳо таъмини беҳбудии иҷтимоии аҳолӣ, рушди инфрасохтор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Холзода Маҳмадшариф дар охири суханрониаш гуфт, ки ҳадафи асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ин таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва амалӣ кардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
М. АКРАМОВ
СУРАТГИР Далер Шарифов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ПАНДИ МОДАР
Гавҳари зиндагӣ
Як хиёбон дард
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ



