Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУВАФФАҚИЯТҲОИ ДД БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Соли 2025, бо мақсади дарёфти чеҳраҳои намоёни илмӣ ва эҷодӣ озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» баргузор гардида, аз рӯйи 6 номинатсия довталабон ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 6 кори беҳтарин ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, аз натиҷагирӣ 2 нафар сазовори ҷойи якум ва 1 нафар сазовори ҷойи дуюм гардиданд,- иттилоъ дод ба рузноманигорон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.
Ҳамзамон, дар озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори донишгоҳи мазкур дар равияи фанҳои физика ва астрономия сазовори ҷойи якум дониста шуд.
Тибқи иттилоъ дар ин давра, довталабони донишгоҳ дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба гирифтани 1 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм мушарраф гардида, дар озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» бошад, 2 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Инчунин, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 3 ҷойи сеюм ба даст оварда шуд.
Ба хотири ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва донишҷӯён барои ишғоли ҷойҳои намоён дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳимояи бомуваффақонаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, раёсати донишгоҳ дар соли 2025 онҳоро ба маблағи 332 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ намуд.
М. Маҳмадалиев «САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



