Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади роҳнамо стратегия ва вазифаҳои калидии рушди минбаъдаи Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои калидии пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, вазифаҳои мушаххас барои марҳилаи минбаъдаи рушди кишвар муайян карда шуданд.
Паёми Президент ҳамчун санади сарнавиштсоз ва роҳнамои давлатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон, дурнамои рушди устувор ва стратегияҳои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар мегирад.
Таъкид гардид, ки тоҷикон яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангиву тамаддунсози ҷаҳон ба шумор мераванд. Мояи ифтихор аст, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба башарият забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои инсонпарварона, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдориро ба мерос гузоштаанд.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 тибқи қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025–2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд, ки ин иқдом ҷойгоҳи баланди кишварро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ бозгӯ мекунад.
Дар Паём ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷиҳати бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешида шаванд, ки ин иқдом аз таърихи шашҳазорсолаи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Гузашта аз ин, соли равон 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Қабули қатъномаҳои ЮНЕСКО оид ба эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ», инчунин бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026–2027 далели эътирофи арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамзамон, баргузории ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» – ҳамчун нахустин санади ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният – мояи ифтихори миллати ориёӣ арзёбӣ гардид.
Дар Паём ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ – оҳангсоз ва донандаи илми мусиқӣ дар асрҳои VI–VII мелодӣ низ баҳои баланд дода шуд. Ӯ аз ҷониби олимону коршиносони ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз нахустин мусиқишиносон ва оҳангсозони касбии қаламрави ориёӣ эътироф шудааст.
Дар Паём зикр шуд, ки бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад. Бо дастури Роҳбари давлат дар ин давра 3 миллиону 200 ҳазор нусхаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп гардида, ба аҳолии мамлакат тақдим шуд.
Таъкид гардид, ки мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати тоҷик мебошад. Бо вуҷуди он ки беш аз 70 фоизи ин меросро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд, то ҳол қонуни махсуси соҳаи бостоншиносӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Ҳамчунин, соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид.
Дар ҳошияи таъкидҳои Роҳбари давлат ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст бо иттиҳоду сарҷамъӣ барои рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбуб, ободии Ватан ва баланд бардоштани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошад.
Санавбар Пирова,
Майдагул Асомудинова,
кормандони «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара»
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ



