Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
Раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Ризозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки тибқи қарори Раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон фаъолияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи соҳавии вилоят дар ин самт ҳамоҳанг карда шуда, кумитаҳо мониторинги рафти омодагии истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳоро дар ҳудуди вилоят ба роҳ монданд.
Дар ин робита рӯйхати кӯдакон ва наврасони ятим, бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, маъюбон, шахсони бо қобилияти фавқулодда ва хонандагони муассисаҳои интернатию хонаҳои кӯдаконро тайёр намуданд. Бо қарори мазкур ситоди вилоятии назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, Ситоди тобистон-2025 таъсис дода шуд. Аз ҳисоби суғуртаи давлатӣ ба маблағи 400 000 сомонӣ ба ташкили истироҳат ва фароғати кӯдакон ва наврасон ҷудо карда шуд.
Дар доираи ин маблағ кӯдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии вилоят фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла,
"Шарора", шаҳри Норак — 147 нафар
"Ширкент", шаҳри Турсунзода — 160 нафар
ноҳияи Муъминобод — 150 нафар
Ҳамагӣ 457 нафар кӯдакон ва наврасон дар ин давра ба истироҳат ва фароғат фаро гирифта шуданд.
М. Маҳмадалиев
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


