Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Имрӯз, 18 декабри соли 2025, дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши фаъолони вилояти Хатлон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Паёми созанда ва кафили таъмини рушди босуботи кишвар» баргузор гардид.
Дар кори он муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Сараввал муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдуллозода баромад карда, зикр намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва стратегӣ самтҳои асосии рушди устувори давлатро муайян менамояд. Татбиқи босамари дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Инчунин таъкид гардид, ки дар соли 2025 дар вилояти Хатлон теъдоди иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба маротиб афзуда, намояндагони вилоят дар онҳо бо натиҷаҳои назаррас баромад намудаанд. Иштирокчиён соҳиби Шоҳҷоиза, ҳамчунин чандин ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо дастовардҳои худ нуфузу обрӯи вилояти Хатлонро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро баромад намуда, иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои фаъолияти минбаъдаи тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳизбӣ буда, иҷрои пайвастаи он аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баландро талаб менамояд. Ӯ нақши ҲХДТ-ро дар тарғиби сиёсати созандаи давлат, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҷалби фаъолонаи аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ба корҳои ободонию созандагӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Инчунин, дар идома баромадкунандагони дигар атрофи Паёми созанда ва кафили таъмини рушди босуботи кишвар андешаҳои худро баён намуданд.
Дар охир Муаттара Ҷураева, донишҷӯи колеҷи тиббии давлатии шаҳри Бохтар ва Шаҳло Насруллоева, директори Литсейи давлатии "Ориёно" - и шаҳри Бохтар баромад намуда, миннатдори хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсил баён намуданд.
«САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


