Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
13 дек 12:23АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, давоми соли равон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 8 километр роҳ таъмири асосӣ шуда, беш аз 42 километр роҳи дигар таъмири ҷорӣ шудааст.
Дар ин хусус сардори Муассисаи давлатии идораи роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҳмадшариф Салимзода ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ маблағи таъмири асосии 8 километр роҳи асфалпӯшгардида 5 миллион сомониро дар бар гирифта, қисмати зиёди он аз ҳисоби соҳибкорон маблағгузорӣ шудааст.
Номбурда афзуд, ки дар нақша аст то охири сол боз ду километр роҳи дигар асфалтпӯш карда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои таъмиршуда, бо маҳсулоти босифат мумфарш гардида, барои иҷрои корҳои роҳсозӣ, техникаҳои махсуси соҳавӣ истифода гардидааст.
Феълан дар мувозинати Муассисаи давлатии идораи роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар умум 250,7 километр роҳ буда, аз ин 34 километр роҳҳои байналмилалӣ, 36 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва боқимонда роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошанд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?




