Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО
“Фаромӯш набояд кард, ки миллати мо аз қадим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро ҳифз карда, бояд идома диҳем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Китоб дар ҳаёт ва рушди маънавии инсон аҳамияти бузург дорад. Барои босаводу китобхон, бофарҳанг ва бо илму ҳунар ба камол расидан китоб нақши муҳим мебозад.
Бузургони мо аҳамият ва арзишмандии китобро аз қадимулайём таъкид намудаанд. Воқеан ҳам китоб қалбҳои торику бефурӯғро бо нури илму маърифат ва дониш мунаввар мегардонад.
Албатта, дар китобхон шудани аҳли ҷомеа китобхона ва китобдорон саҳми арзанда дошта, бешак фаъолият ва кӯшишҳои пайвастаи онҳо шумораи дӯстдорони ин махзани донишро зиёд менамояд.
Китобхонаи марказии ноҳияи Муъминобод дар бинои нави замонавии Қасри фарҳанги ноҳия воқеъ гардидааст, ки он соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Зимни суҳбат директори китобхона Гулбаҳор Холова иброз дошт, ки дар ноҳия 25 китобхонаи марказонидашуда ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, ки онҳо як китобхонаи марказӣ, як китобхонаи бачагона ва 23 китобхонаи деҳотӣ мебошанд.
Дар ҳақиқат тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷалби аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти китобхонаҳо тадбирҳои зиёди муфид роҳандозӣ мегарданд.
Махзани китобии китобхонаҳои оммавии ноҳия дар маҷмуъ 96 359 нусха адабиёти гуногунсоҳаро ташкил менамояд. Ба иттилои роҳбарияти китобхона, соли гузашта аз ҳисоби Раёсати фарҳанги вилоят 79 нусха адабиёти тозанашр ба маблағи 3406 сомонӣ, 2666 нусха адабиёти истифодашуда аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба тариқи ройгон ва 217 нусха китобҳои тозанашр аз ҳисоби бахши фарҳанги ноҳия ба китобхона ворид гардид.
Вақте ки мо вориди толори хониш шудем, шумораи зиёди аъзои китобхона машғули мутолиаи адабиёти дӯстдоштаашон буданд.
Тавре аз гуфтаҳои Гулбаҳор Холова, директори китобхонаи мазкур маълум гардид, айни ҳол ин махзани маърифат дорои 46 ҷойи нишаст буда, 38 ҷой ба толори хониш ва 8 ҷой ба толори электронӣ рост меояд.
Вақтҳои охир таваҷҷуҳи хонандагон ба китобхонаи электронӣ бештар гардидааст. Соли гузашта кормандони китобхона бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ-фарҳангӣ, ҷашнҳо ва зодрӯзи шоирону нависандагони тоҷик чорабиниҳои зиёди шавқовару пурмазмун ва хотирмон баргузор намудаанд.
Маҳфилҳои “Рӯдакихонӣ”, “Шоҳномахонӣ”, “Мавлавихонӣ”, “Лоиқхонӣ”, “Ваҳдат саодати миллат”, “Забони миллат - ҳастии миллат”, “Президенти мо - ифтихори мо”, “Соҳиб Табаров - адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи тоҷик” аз ҷумлаи чорабиниҳои шавқовару хотирмон мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки кормандони китобхона барои ҷалби бештари китобдӯстон тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, дар вақти ворид намудани китобҳои наву тозанашр намоиши онҳоро ташкил намуда, ба ҳамагон муаррифӣ мекунанд.
Гулбаҳор Холова дар фарҷоми суҳбат иброз намуд, ки ҳар қадар доираи хонандагону ҳаводорони китоб зиёд шавад, ҷомеаи мо ҳамон андоза пешраву муваффақ мегардад. Воқеан ҳам китоб пайвандгари наслҳост. Бузурге фармудааст: “Китоб киштии фикр аст, ки дар рӯи мавҷҳои замин ҳаракат карда, бори қиматбаҳояшро аз насле ба насле мебарад”. Ё китоб дӯсти мушфиқу меҳрубони инсон аст. Чи тавре ки Соиби бузург гуфтааст:
Соиб маталаб рӯи дил аз кас, ки дар ин аҳд,
Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст.
Кормандони ин кохи маърифат дар ҳошияи эълон гардидани соли 2025 -Соли фарҳанги китобхонӣ нақша доранд, ки тарғиби китоб ва хизматрасониро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гиранд.
А. Комрон, ноҳияи Муъминобод
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



