Бойгонӣ
Август 2025 (33)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)

МЕРОСИ НИЁГОНРО ҲИФЗ БОЯД НАМУД

Мардуми тоҷик бо осори волои маънавӣ, ки офаридаи фарзандони барӯмандаш мебошад, шуҳрат касб намудааст. Осори хаттӣ низ аз боби ободӣ ва машғулияти аҷдод дар қарнҳои пешин маълумоти саҳеҳ медиҳад.
Ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри XX ноҳияи Данғара аз ҷониби бостоншиносон ва муаррихон мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар давраҳои баъдӣ олимон В. Ранов, В, Сейман, Т. Филимонова ва Х. Муҳиддинов ва дигарон ёдгориҳои таърихиро ҳафриёт карда, дар натиҷа дар мавзеъҳои Золи Зар, Пушинг, Кӯли Сӯфиён, Тутқавул, Хушманзар, Остона, Булёни Поён ва дигар ҷойҳо ковишҳо анҷом додаанд.
Дар осорхонаи Данғара дастнависҳои нодиру коллексияҳои нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангӣ, ки зиёда аз 94 - адад иборат аст, маҳфуз аст. Бештари нусхаҳо дар фонди осорхона қарор дошта, 20 -адади он дар шуъбаи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна ба маърази тамошобин гузошта шудааст. Нусхаҳои дастнавис ва чопи сангӣ бо забонҳои тоҷикӣ- форсӣ ( 60-адад ), арабӣ (38-адад) ва туркӣ, ӯзбекӣ (12-адад) ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад.
Яке аз нусхаҳои нодири дастнавис, ки он рӯзи 11-уми муҳаррами 1019 ҳиҷрӣ/ 5-уми апрели соли 1610 дар шаҳри Адирнаи Туркия китобат шудааст, дар он ашъори шоирони номвари форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ, Саъдӣ Шерозӣ ва дигарон нахуст ба шакли аслиашон, яъне бо забони тоҷикӣ омада, сипас бо забони туркӣ тарҷумашудаашон низ оварда шудааст. Аз миёни дастнависҳои нодир метавон як нусхаи дигарро низ инҷо зикр намуд. Нусхаи мазкур маҷмуаи осори таҷвидӣ буда, аз чор рисола иборат аст: «Хулосату-л-вуқуф»-и Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Миҳрон ал Исфаҳонӣ (соли 991 мелодӣ вафот), шарҳи форсии «Хулосату-л-вуқуф»- и Усмон ибни Муҳаммадшоҳ ибни Ёсиншоҳ ибни Муҳаммадшоҳ - ал - Мутанабӣ ва «Қавоиду-л-Қуръон»-и Ёрмуҳаммад - ибни Худойдоди Самарқандӣ. Бо омӯзиши коллексия номи 7 котиби маҳаллӣ муайян гардид, ки онҳо аз манотиқи гуногуни Вароруд ва Хуросон буда, ҳамчун хаттот ва саҳҳофони моҳир дар доираҳои васеи илмии минтақа шуҳрат доштаанд. Монанди Домулло Увайсниёз ибни Ғиёсиддин Бухорӣ, Мулломир, Муҳаммадкарими котиб, Ошур Муҳаммад, Сироҷуддин Махдум ибни Мулло Мирзоҳид Охунд, Хоҷа Муҳаммад ва Эрназар ибни Хоҷамбердӣ.
Дар баробари аҳамияти мавзуӣ – экспозитсионӣ доштани осори мазкур дар нусхаҳои он ҳунарҳои китоббарории гузаштагони халқи тоҷик маҳфуз аст.
Хушбахтона, бо таҳқиқи коллексияи осорхонаи Данғара аз саҳҳофон, котибон, муаллифони тоҷик маълумоти хуб ба даст оварда, таҳқиқоти ибтидоиро дар ин самт шуруъ менамоем. Ҳамчунин, ба мавриди омӯзиш қарор додани нусхаҳои дастнависӣ ва чопи сангии осорхонаҳои кишвар дар робита ба мактабҳои ҷудогонаи ҳунарҳои китобсозӣ, хушнависӣ ва санъати ороишотии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла нусхаҳои нодири то ба ҳол кашфношуда маълумоти нави таърихиро метавон муайян намуд ва муаррифӣ намоем.
Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз ибтидои давлатдории навини тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи давлатмардон қарор дошт. Ҳатто дар Конститутсияи кишвар гуфта мешавад, ки «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастраси халқ мебошад. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таъриху фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст» (моддаи 44, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Ноҳияи Данғара дорои ёдгориҳои зиёде мебошад, ки ҳар кадоми онҳо бо тарзу услуби хос бунёд ёфта, ҳунармандии аҷдод ва баландии маърифат ва дараҷаи тасаввуроту эътиқодоти онҳоро инъикос мекунанд.
Хулоса, ноҳияи Данғара яке аз ноҳияҳои дорои таърихи бисёрҳазорсола аст, ки далели ин гуфтаҳо бозёфтҳои бостоншиносон мебошад. Муассисаи давлатии «Осорхона – мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» низ соли 2001 таъсис ёфтааст, ки бозёфт ва ё нигораҳои он аз таърихи куҳани ин гӯшаи ватани азиз дарак медиҳад.

Собирҷони Ибодулло, муовини директори Муассисаи давлатии «Осорхона – мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара”
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019